Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон дубора ба барномаи ёриҳои низомии ИМА роҳ дода шуд


ИМА рӯзи 23 декабр иҷоза дод, ки баъди ду соли боздошта шудани ширкати Покистон дар барномаи тамринҳои низомӣ, дубора ширкати ин кишварро дар барнома фаъол кунад. Тамринҳо бахше аз барномаи ёриҳои низомии Амрико ба Покистон аст, вале соли 2017 бо як қарори президенти ИМА Доналд Трамп, ки гуфт, Исломобод дар амри мубориза бо терроризм фаъолияти кофӣ нишон намедиҳад, ширкати Покистон дар ин барнома боздошта шуд. Тасмими иҷозаи дубораи Покистон ҳамчун аломати беҳтар шудани равобити миёни ду кишвар арзёбӣ шуд, ки баъди дар ин кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ дар Осиёи Ҷанубушарқӣ сари қудрат омадани Имрон Хон бад шуда буд. Трамп моҳи июл дар Кохи Сафед Имрон Хонро ба ҳузур пазируфт ва Вашингтон чандин бор Исломободро дар кӯмак барои барпо кардани музокираҳои сулҳ бо Толибони Афғонистон миннатдорӣ намуд. Ёриҳои низомӣ пеш аз интихоботи моҳи августи соли 2018 боздошта шуд. ИМА моҳи сентябри соли 2017 эълон кард, ки ният дорад то замони иқдомҳои ҷиддитари Покистон барои саркӯб кардани Толибон, ки ба гуфтаи Трамп, “макони амни” гурӯҳҳои ҷангии зидди Афғонистон шудааст, ёриҳои низомиро бозмедорад. Дар маҷмӯъ тақрибан 2 миллиард доллар ёриҳои низомӣ ба Покистон боздошта шуд. Покистон ҳамеша иттиҳоми паноҳ додан ба террористонро рад карда гуфтааст, ки ИМА баҳона карда, Исломободро барои мағлубияташ дар ҷанги 18-солаи Афғонистон муҷозот мекунад.

XS
SM
MD
LG