Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон тавассути WhatsApp масъулияти куштори як амрикоиро ба дӯш гирифтанд


шаҳри Қундуз
шаҳри Қундуз

Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки дар як ҳодиса дар Афғонистон низомии амрикоӣ кушта шуд. Мақомот гуфтанд, ки ҳодиса 23 декабр рух дод, вале бо назардошти меъёрҳои ахлоқӣ ва набуди иҷозаи хешовандон, ҷузъиёти марбут ба шахсияти марди кушташуда нашр намешавад. Оҷонсии Франс-Пресс мегӯяд, ки масъулияти ҳамларо ҷангҷӯёни Толибон ба ӯҳда гирифтанд. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар як посухаш тавассути WhatsApp ба Франс Пресс гуфт, ки шӯришиён шоми 22 декабр “дар ноҳияи Чордараи Қундуз як мошини амрикоиро таркониданд”. Дар соли ҷорӣ дар Афғонистон дасти кам 12 ходими низомии амрикоӣ кушта шуданд. Дар ҳайати нирӯҳои НАТО дар Афғонистон 20 ҳазор низомӣ, аз ҷумла, 14 ҳазор амрикоиҳо хидмат мекунанд. Бо як амри президенти ИМА Доналд Трамп қарор аст шумори низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон коҳиш дода шавад.

XS
SM
MD
LG