Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷирони бозори "Абу-Сахий"-ро аз фаъолият манъ мекунанд


Каклик Олтиева, як тоҷири 29-солаи бозори "Абу-Сахий" дар Тошканди Узбекистон шикоят дорад, ки маъмурияти бозор монеи фаъолияти ӯ мешавад. Аз маъмурияти бозори мазкур хабар доданд, ки шартномаи наздики 100 тоҷир бо ҳадафи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор бекор шудааст.

"Ин тоҷирзан (Каклик Олтиева) аз мо хост, ки ба вай дукон диҳем. Аммо бар асоси тартибот, гузаргоҳи назди дарвоза бояд озод бошад. Маҳз ба ҳамин хотир роҳбарияти бозор ба тоҷирзан дукон надод. Мо омодаем, ба вай аз ҷои дигар дукон диҳем",-хабар доданд аз маъмурияти бозор.

Каклик Олтиева мегӯяд, роҳбарияти бозор ба он хотир намехоҳад, дукон диҳед, ки вай чанд маротиба ба мақомоти болоӣ шикоят кардааст.

Моҳи декабри соли 2017 калонтарин бозори умдафурӯшии Узбекистон, ки ба Тимур Тиллоев - домоди президенти пешини он кишвар тааллуқ дорад, аз "Абу-Сахий" ба "Роҳи абрешими Тошканд" табдили ном кард. Баъдтар онро "Маркази савдои Тошканд" номиданд.

XS
SM
MD
LG