Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар эътирозҳо дар Ҳиндустон 23 нафар кушта шудаанд


Эътирозҳои хушунатомез ба зидди қонуни шаҳрвандӣ дар Ҳиндустон идома дорад. Бино ба гузоришҳо, дар натиҷаи бархӯрд бо пулис 9 нафар дар аёлати Уттар Прадеш кушта шудаанд. Дар маҷмуъ, шумори қурбониён дар ин эътирозҳо ба 23 нафар расид.

Сухангӯи пулиси Ҳиндустон рӯзи 21-уми декабр шумори қурбониёнро тасдиқ кард, дар ин кор пулисро гунаҳкор надонист. Вай афзуд, нирӯҳои амниятӣ танҳо аз гази ашковар истифода кардаанд.

Бар асоси қонуни нав дар Ҳиндустон барои шуморе аз шаҳрвандони Афғонистону Покистон ва Бангладеш, ки дар онҷо ба сар мебаранду мусалмон нестанд, шаҳрвандӣ дода мешавад.

Бархе аз мунтақидон қонуни навро ҳамчун бахше аз стратегияи нахуствазир Нарендра Модӣ интиқод карда мегӯянд, ҳадафи он ба ҳошия рондани 200 миллион мусалмони Ҳиндустон аст. Дигарон аз он ҳарос доранд, ки мизони муҳоҷират ба ин кишвар афзоиш меёбад.

Ҳизби нахуствазир Модӣ мегӯяд, қонуни мазкур барои ҷалби афроде нигаронида шудааст, ки аз саркӯбҳои динӣ фирор мекунанд.

Порлумони Ҳиндустон ин қонунро рӯзи 11-уми декабр қабул кард.

XS
SM
MD
LG