Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду рӯз муҳлати Бонки Миллӣ ба муштариёни "Золотая корона"


Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистон ба муштариёни шабакаи "Золотая корона" иҷоза додаанд, пулҳои фиристодаи худро, ки дар ин низом банд мондааст, давоми ду рӯз бозпас бигиранд.

Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон шикоят доранд, ки пеш аз фаъол шудани Маркази пулгузаронӣ ба воситаи низоми "Золотая корона" ба кишвар ё аз дохили кишвар ба хориҷа пул фиристода буданд ва онро бозпас гирифта наметавонанд.

Масъули дафтари матбуоти Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи 22-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт:

"Шаҳрвандоне, ки маблағҳои интиқолиашонро аз Тоҷикистон тавассути низоми "Золотая Корона" фиристода буданд, метавонанд рӯзҳои 24 ва 25-уми декабри соли 2019 аз ташкилоти қарзии кишвар гиранд. Ҳамзамон маблағҳои интиқолие, ки тавассути "Золотая Корона" дар дохили кишвар анҷом дода шудааст (аз як ноҳия ба ноҳияи дигар), ба шаҳрвандон баргардонда мешаванд."

Дар ҷавоб ба ин суол ки оё муҳоҷирони тоҷик, ки ба воситаи "Золотая Корона" ба кишвар пул фиристода буданд ва пулҳояшон банд мондааст, чӣ хоҳанд кард, ҳамсуҳбати мо гуфт, "онҳо низ метавонанд давоми ду рӯз маблағҳояшонро аз бонкҳои Русия гиранд."

Дар ҳамин ҳол, корманди яке аз бонкҳои Тоҷикистон бе зикри номаш гуфт, "пули зиёде аз шаҳрвандон дар низоми "Золотая Корона" дармондааст", вале аз овардани рақами мушаххасе худдорӣ кард.

Бонки Миллии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 2019 Маркази ягонаи протсессингиро фаъол кард, ки минбаъд ҳамаи маблағҳо ба кишвар танҳо тавассути ин марказ ворид мешаванд. То ҳол низомҳои "Юнистрим" ва "Контакт" ба он ҳамроҳ шудаанд.

Низоми "Золотая Корона", ки дар гузашта беш аз 80 дарсади пули муҳоҷирон ба воситаи он интиқол мешуд, шартҳои Бонки Миллии Тоҷикистонро напазируфтааст.

Ҳанӯз суолҳо дар бораи кори ин марказ зиёд аст, вале мақомот ба пурсишҳои чолишбарангез ҷавоб намедиҳанд. Айни замон шикояти муҳоҷирон ва наздикони онҳо дар бораи фиристодану гирифтани пул кам нашудааст.

Бино ба ҳисобҳои созмонҳои байналмилалӣ, даромади ҳар чорумин хонавода дар Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ аст.

Муҳоҷирони корӣ дар 9 моҳи имсол танҳо аз Русия ба кишвар беш аз 2,5 миллиард доллар фиристодаанд.

XS
SM
MD
LG