Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби истеъфои вазир баъди марги як наврас дар Гурҷистон


Мухолифини Гурҷистон истеъфои вазири корҳои дохилии он кишвар Вахтанг Гомелауриро талаб доранд. Дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон рӯзи 12 декабр як навраси 15-сола баъди бозпурсии чандинсоата аз сӯи пулис худкушӣ кард.

Фаъолони шаҳрвандӣ аз мавҷудияти мушкилоти амиқ дар вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, мақомот ваъда карданд, ки худкушии наврасро тафтиш хоҳанд кард. То ин замон яке аз муфаттишон боздошт шудааст.

Мизи холӣ дар рӯ ба рӯи ВКД - эътирози хомӯшонаест, ки фаъолони маданӣ ташкил кардаанд. Онҳо масъулияти марги наврасро бар души мақомот гузоштанд: маҳз баъди бозпурсӣ навраси 15-сола худро аз ошёнаи 9 ба замин партофт. Табибон қариб як ҳафта барои наҷоти наврас талош карданд, аммо вай шоми 17 декабр вафот кард.

Лука Сирадзе - навраси 15-соларо ба ҳайси шоҳид дар парвандаи расонидани зиён ба амволи ғайр бозпурсӣ мекарданд. Ибтидои моҳи декабр дар яке аз мактабҳои Гурҷистон афроди ношинос дар деворҳо шиорҳои гуногун навиштанд. Лука хонандаи мактаби мазкур буд, аммо чанде пеш ба далели мушкилоти молии хонаводааш ба мактаби дигар гузашт.

Мақомот Лукаро дар навиштани деворҳо гумонбар карданд. Пулис ҳангоми бозпурсӣ Лукаро таҳдид кардаанд, агар ба гуноҳаш иқрор нашавад, ба бародари калониаш, ки дар академияи низомӣ таҳсил дорад, "мушкил эҷод" мекунанд.

Иқдоми зидди роҳбарияти ВКД тақрибан дар назди ҳамаи идораҳои пулиси Гурҷистон сурат мегирад. Ширкатдорони иқдом ҳамчунин талаб доранд, ки вазири корҳои дохилӣ ба ҷавобгарии сиёсӣ ҷалб шавад.

Марги наврас мавҷи нави зиддиҳукуматиро дар Гурҷистон ба бор овард. Фаъолони шаҳрвандӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҳизбҳои мухолиф гуфтанд, ки дар сурати таҳқиқ нашудани парванда эътирози густарда ташкил мекунанд.

XS
SM
MD
LG