Ҳукумати Покистон рӯзи панҷшанбе гуфтааст, ки дар пайи барканории додраси баландпояе аст, ки ҳукми ҷанҷолии Парвиз Мушарраф, диктатори пешини ин кишварро содир кардааст. Дар ҳукми содиршуда барои Мушарраф омадааст, ки дар сурати даргузашти ӯ пеш аз боздошт ё эъдом, ҷасади ӯ бояд дар хиёбонҳо кашида ва овезон шавад.
Додгоҳе иборат аз се додрас рӯзи сешанбе Парвиз Мушаррафи 76-соларо ба ҷурми хиёнат ва саркашӣ аз Қонуни Асосии ин кишвар дар соли 2007, ба қатл маҳкум кард. Матни ин ҳукм рӯзи панҷшанбе нашр шудааст.
Парвиз Мушарраф дар соли 1999 бо табаддулоти низомӣ ва сарнагунии ҳукумати мунтахаби Навоз Шариф ба қудрат расид, дар соли 2001 президент шуд ва то соли 2008 дар ин мақом ифои вазифа кард.
Додгоҳ дар ин ҳукм ба нерӯҳои интизомӣ ва пулис дастур додааст, то Парвиз Мушаррафро боздошт ва ҳукми қатли ӯро иҷро кунанд. Мушарраф ҳоло дар бемористоне дар Дубай таҳти муолиҷа қарор дорад.
Дар ин ҳукм омадааст, "чунончи Парвиз Мушарраф пеш аз иҷрои ҳукм бимирад, ҷасади ӯ бояд дар хиёбонҳои Исломобод, Покистон то майдони рӯбарӯи порлумон кашида шавад, ва дар онҷо ба муддати се рӯз низ овезон бошад".
Ҳукумати Покистон ба ин ҳукм вокуниш нишон дода ва мегӯяд, ки ин ҳукм кутоҳиҳое дорад. Ин ҳукм ҳоло боиси ба миён омадани ихтилофот байни низомиён ва қувваи адлия шудааст ва ҳукумат дар ин масъала тарафи низомиёнро гирифтааст.
Коршиносони ҳуқуқӣ дар Покистон низ мегӯянд, ҳарчанд ин ҳукм рамзӣ ҳам бошад, нақзи Қонуни Асосии Покистон аст. Форуқ Насим, вазири адлияи ҳам гуфтааст, ҳукумат дар садади барканории додраси баландпояи парвандаи Парвиз Мушарраф аст. Ин вазири покистонӣ мегӯяд, ки додрас Виқор Аҳмад қонунҳо ва оини додрасиро нақз кардааст.
Сухангӯи артиши Покистон ҳам мегӯяд, тафсилоти ҳукме, ки рӯзи панҷшанбе нашр шуд, бепоя ва беасос аст. Ин сухангӯи артиши Покистон дар як нишасти хабарӣ изофа кардааст, "ҳукми имрӯз, ба вижа наҳваи ҷумлабандии он, нишон медиҳад, ки хилофи инсоният, мазҳаб ва ҳар гуна арзиши инсонӣ аст". Вай ҳамчунин гуфт, генерал Қамар Ҷовид Баҷва, фармондеҳи артиши Покистон дар мулоқот бо нахуствазир Имрон Хон ин мавзӯъро матраҳ кардааст.
Аммо умдтарин аҳзоби сиёсии мухолифи ҳукумати Покистон ба шумули Ҳизби робитаи мусалмонон (шохаи Навоз Шариф) ва Ҳизби мардумии Покистон (ҳизби таъсиснамудаи Зулфиқор Бҳутто, падари Беназир Бҳутто) ва низ бархе аз созмонҳои ҳомии ҳукуқи башар аз ин ҳукми додгоҳ пуштибонӣ карда ва онро одилона хондаанд.
Генерал Мушарраф ба дунболи мухолифат алайҳи ҳукуматаш дар Покистон вазъияти фавқулодда эълон кард ва ҳамаи озодиҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ, меъёрҳои ҳуқуқи башар ва равандҳои демократӣ байни моҳи ноябри соли 2007 ва феврали соли 2008 лағв шуданд.
Ӯ дар солҳои поёнии ҳукумати худ ба хотири боқӣ монда дар мақоми фармондеҳии артиш ҳамзамон бо ҳифзи мақоми президентӣ, ба шиддат бо ниҳодҳои додгоҳии Покистон ихтилоф пайдо кард. Пас аз он, ки ҳизби сиёсии тарафдори ӯ дар соли 2008 дар интихоботи порлумонӣ шикаст хӯрд, оқои Мушарраф барои радди салоҳият нашудан аз сӯи порлумон, аз мақомаш канорагирӣ кард.
Парвиз Мушарраф моҳи гузашта дар видеое, ки дар як бемористони Дубай сабт карда буд, гуфт, ба ӯ иҷоза дода нашудааст, ки дар ин парванда ба шакли одилона аз худ дифоъ кунад.