Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русияву Украина роҷеъ ба транзити газ ба созиш расиданд


Русия ва Украина усулан дар робита ба транзити газ аз 1 январи соли 2020 ба созиш расиданд. Дар ин бора муовини Комиссияи Аврупо Марош Шефчович пас аз анҷоми гуфтугӯҳои Берлин дар суҳбат бо расонаҳо хабар дод. Ба иттилои хабаргузории DPA, мулоқот, ки бо миёнаравии Олмон ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) баргузор шуд, 9 соат идома ёфт.

Вазири энержии Русия Александр Новак гуфт, намояндагони кишварҳо барои имзои созишномаи ниҳоӣ санади комилеро таҳия кардаанд. Вазири энержии Украина Алексей Оржел низ ин хабарро тасдиқ кард ва "Ведомостӣ" низ дар ин бора хабар дод.

Ҷонибҳо дар мавриди муҳлати қарордод ва ҳаҷми газе созиш карданд, ки бояд тавассути Украина ба Аврупо интиқол ёбад. Ҷузъиёти созиш ифшо намешавад. Мӯҳлати созишномаи кунунии Русия бо Украина дар бораи интиқоли газ охири сол ба поён мерасад.

XS
SM
MD
LG