Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Рӯҳонӣ ба муқобила бо "султаталабии ИМА"


Ҳасани Рӯҳонӣ дар конфронси исломии Куала Лумпур. 19 декабр
Ҳасани Рӯҳонӣ дар конфронси исломии Куала Лумпур. 19 декабр

Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ бо истифода аз минбари конфронси исломӣ дар Малайзия аз кишварҳои мусалмонӣ даъват кард, ки ба гуфтааш, ба хотири муқобила бо “султаталабии” ИМА ҳамкориҳои байниҳамдигариро тақвият бахшанд. Дар ифтитоҳи конфронсе, ки 19 декабр дар шаҳри Куала Лумпур оғоз ёфт, Рӯҳонӣ гуфт, ки ИМА таҳрими иқтисодиро ҳамчун “муҳимтарин абзори султаталабии истикборӣ” истифода мекунад. Барои ширкат дар конфронси серӯза садҳо меҳмон, аз ҷумла раҳбарони Туркияву Малайзия ҳозир шуда, айни замон рақиби минтақавии Эрон – Арабистони Саудӣ ва дигар аъзои Созмони конфронси исломӣ ин нишастро нодида гирифтанд. Ин нишаст дар ҳоле баргузор мешавад, ки ИМА баъди дар соли 2018 берун шудан аз созиши ҳастаии қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон, таҳримҳои шадиде нисбати Ҷумҳурии Исломӣ ҷорӣ кард. Рӯҳонӣ гуфт, “Ҷаҳони ислом бояд тадобире барои раҳоии худ аз султаи доллар ва системаи молии Амрико пешбинӣ кунад”. Ба бовари раиси ҷумҳурии Эрон, кишварҳои исломӣ барои тақвияту муқовимат бо ин таҳдидҳо бояд дар дохили кишварҳояшон ба ифротгароии афзоянда, мудирияти заъиф, нодорӣ ва фасод мубориза баранд, то ки истиқлолияти худро мисли кишварҳои ҷангзадаи Сурия, Яман ва Афғонистон бо хатар рӯбарӯ накунанд.


XS
SM
MD
LG