Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории раиси Додгоҳи шаҳри Гулистон ва як зердасташ


Наргис Ёдгорзода, раиси Додгоҳи шаҳри Гулистони вилояти Суғд ва зердасташ Муродбек Насриддинзода барои кирдоре, ки ба гуфтаи мақомот, “шаъну эътибори додрасҳоро паст мезанад”, аз мақомҳои худ барканор карда шудаанд.

Дар ин бора рӯзи 19-уми декабр фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон содир шуд. Ҷузъиёт дастрас нест. Раиси барканоршудаи Додгоҳи шаҳри Гулистон низ то ин дам вазъиятро шарҳ надодааст.

Дар соли 2018 тақрибан даҳ корманди додгоҳҳои кишвар бо иттиҳоми “риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо” ва “содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мезанад” аз мақомҳои худ ронда шуда буданд.

Баъзе аз сокинони Тоҷикистон додрасҳоро ба эълони, ба бовари онҳо, ҳукмҳои ноодилона ва суистифода аз мансаб муттаҳам мекунанд. Коршиносон маоши кам ва мустақил набудани додгоҳҳоро аз сабабҳои асосии чунин вазъият медонанд.

Дар даҳ соли ахир 25 додраси додгоҳҳои Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шудаанд.

Феълан дар Тоҷикистон 450 додрас кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG