Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон 50 шаҳрванди Узбекистонро аз сармо наҷот доданд


Автобуси ҳомили 54 мусофир, аз ҷумла 50 шаҳрванди Узбекистон дар шоҳроҳи Самара-Чимкент, дар ҳудуди вилояти Оқтеппаи Қазоқистон ба иллати пеш омадани нуқси техникӣ дар нимароҳ мондааст.

Консулгарии генералии Узбекистон дар шаҳри Актауи Қазоқистон бо тасдиқи хабар гуфт, мусофирони автобус, ки шабона ҳаракат мекард, бо кумаки маъмурони пулиси маҳаллӣ ба ҷои гарм интиқол дода шуданд.

Вазорати умури хориҷии Узбекистон бори дигар аз шаҳрвандони ин кишвар дархост кардааст, ки ҳангоми сафар ба хориҷ ҳамаи ҷиҳатҳоро ба назар бигиранд ва чораҳои лозимиро биандешанд. Бахсус ҳангоми сафар бо автобус тавассути қаламрави Қазоқистон дар фасли сармо.

Моҳи ноябри соли равон низ ҳодисаи ҳамсон рух дода буд. 20 ноябри имсол 55 шаҳрванди Узбекистон, мусофирони автобуси вайроншударо дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон ба ҷои амну гарм интиқол доданд.

18 январи соли гузашта 52 шаҳрванди Узбекистон дар натиҷаи оташ гирифтани афтобусе дар шоҳроҳи Самара-Чимкент, дар ҳудуди вилояти Оқтеппаи Қазоқистон ҷон бохта буданд.

XS
SM
MD
LG