Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин нишасти матбуотии солона доир мекунад


Имрӯз, панҷшанбеи 19-уми декабр президенти Русия Владимир Путин нишасти матбуотии солона доир мекунад. Ин чорабинӣ дар ҳоле баргузор мегардад, ки тобистони соли равон эътирозҳои мардумӣ Маскав ва Санкт- Петербургро такон доданд. Кремл мегӯяд, барои иштирок дар нишасти солонаи Путин, ки бори 15-уми доир мешавад, шумораи рекордии хабарнигорон - 1895 кас номнавис шудааст.

Нишастҳои солона дар даврони раҳбарии Путин ҳодисаи муҳим ба шумор меравад ва дар он раҳбари Русия мехоҳад нишон диҳад, ки кишвар зери назари пешвои ғамхор қарор дорад.

Саволу ҷавобҳои Путин хуб тарҳрезӣ шудаанд. Соли 2008-ум нишасти матбуотии Путин 4 соату 40 дақиқа давом кард. Тибқи пурсишҳои маркази мустақили "Левада", дар як соли ахир шӯҳрати Путин даҳ дар сад камтар шудааст.

XS
SM
MD
LG