Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари ҳомии ҳуқуқи мусалмонҳо дар Чин: "Намедонам, падарам дар куҷост"


Ҷавҳар Илҳом

Порлумони Аврупо ҷоизаи имсолаи Сахаровро ба Илҳом Тоҳтӣ, ҳомии ҳуқуқи уйғурҳои Чин дод, ки бо гуноҳи ҷудоиталабӣ ба ҳабси абад маҳкум шудааст. Ҷоизаро рӯзи 18-уми декабр дар бинои Порлумони Аврупо дар шаҳри Страсбурги Фаронса Ҷавҳар Илҳом, духтари Илҳом Тоҳтӣ гирифт. Президенти Порлумони Аврупо Девид Сассолӣ гуфт, Тоҳтӣ тавонист ба уйғурҳо имкон бидиҳад, ки садояшон шунида шавад.

Ҷавҳар Илҳом дар суханронии худ гуфт, дар Чин барои уйғурҳо озодӣ вуҷуд надорад. Ин кишвар ба хотири амалкардаш нисбат ба мусалмонҳои Шинҷон бо интиқодҳои афзояндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шудааст.

Тахминан 1 миллион уйғурҳову мусалмонҳои дигари Чин дар муассисаҳои дурдасте дар ғарби ин кишвар нигаҳ дошта мешаванд. Пекин гуфтааст, ин муассисаҳо марказҳои бозомӯзӣ ва бозтарбия ҳастанд, аммо фаъолон мегӯянд, ҳукумати Чин дар асл боздоштгоҳҳои азиме бунёд карда, дар онҷо мусалмонҳоро ҷой додааст.

Мақомоти Чин гуфтаанд, дар талоши решакан кардани ифротгароии динӣ дар Шинҷон ҳастанд. Онҳо мегӯянд, баъд аз "мавъизаҳои пуч"-и тундгароҳои исломӣ бархе афрод ба "шайтонҳои қотил" табдил мешаванд.

Ҷавҳар Илҳом ҳангоми изҳори сипос барои таваҷҷуҳ ба сарнавишти падараш Илҳом Тоҳти ва ҳам уйғурҳои Чин гуфт, ду сол аст дар бораи вазъи падар ҳеч хабар надорад. "Росташро гӯям, намедонам, ки падарам дар куҷост. Бори охир соли 2017 дар бораи падарам паём гирифта будем. Он замон ӯ дар зиндони рақами яки Урумчӣ буд. Ман аз соли 2013, замоне ки аз падарам дар фурудгоҳи Пекин ҷудо карда шудем, дигар ӯро надидам. Мо дар роҳ ба донишгоҳи Индиана будем, падарам бояд дар он ҷо дарс мегуфт. Мутаассифона, ӯ дигар ба Амрико нарафт," -- нақл кард ӯ.

Ҷавҳар Илҳом гуфт, ҳукумати Чин садҳо ҳазор мусалмонро бо тамғаи "экстремист" дар урдугоҳҳо ҷой карда, тақозо мекунад, ки аз дину мазҳаб, забон ва фарҳанги худ даст кашанд. Онҳое, ки розӣ намешаванд, мавриди шиканҷа қарор мегиранд.

"Қазоқҳову қирғизҳо ва узбекҳо дар урдугоҳҳои консентратсионии Чин танҳо ба хотири ин ки мехоҳанд ҳувияти худро ҳифз кунанд, зиндонӣ мешаванд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар фақат барои ҳимояти ҳуқуқи дигар инсонҳо ба зиндон мераванд. Дар дигар нуқтаҳои Чин ҳам, мисли Тибету Ҳонгконг ва ҳам масеҳиёни Чин талош доранд ҳувияти худ ва ҳуқуқи инсонии худро ҳимоят кунанд," -- афзуд ӯ.

Ҷоизаи Сахаров аз 50 ҳазор евро иборат буда, ба номи донишманд ва дигарандеши Шӯравӣ Андрей Сахаров гузошта шудааст. Ҷоиза соли 1988 аз ҷониби Порлумони Аврупо таъсис шуда, ҳар сол ба шахсият ва созмонҳое дода мешавад, ки дар роҳи ҳимоят аз ҳуқуқи инсон ва озодиҳои бунёдӣ корнамоӣ шудаанд.

Соли гузашта филмсози украинӣ Олег Сентсов барандаи ин ҷоиза шуда буд. Сентсов имсол дар ҷараёни табодули зиндониҳои миёни Русияву Украина озод шуда, ба Киев баргашт.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG