Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сенат тарҳи қонуни нави муҷозоткунандаи Русия муҳокима мешавад


Як гурӯҳе дар Сенати Амрико рӯзи 18 декабр тарҳи қонуни муҷозоткунандаи Русия барои дахолат ба ҷараёнҳои демократии кишварҳои хориҷӣ ва ҳам амалҳои харобкоронаи Маскав дар Сурияву Украинаро баррасӣ мекунад. Қарор аст ҳайати Кумитаи умури хориҷии Сенат иборат аз намояндагони демократҳову ҷумҳурихоҳҳо рӯзи чоршанбе дар ҷаласае барои баррасии ин тарҳ гирди ҳам оянд. Агар кумита бо тарҳи қонун мувофиқат кунад, он ба баррасии аъзои Маҷлиси намояндагон ва ҳам Сенат фиристода мешавад. Дар сурати қабули қонун он бояд аз ҷониби президент Доналд Трамп имзо шавад. Тарҳи қонуне, ки бо номи рамзии DASKA (Ҳимояти амнияти ИМА аз рафторҳои Кремлин) нахустин бор соли 2018 муаррифӣ шуд, яке аз охирин санадҳоест, ки талошҳои Кремлин барои зарар расонидан ба сохторҳои демократӣ, шахсиятҳои ҷудогонаву тиҷоратҳои онҳоро дар хориҷи кишвар дар бар мегирад.

XS
SM
MD
LG