Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мадумаров Ҷеенбековро барои "талаби далел" танқид кард


Адамхон Мадумаров.
Адамхон Мадумаров.

Раиси Ҳизби сиёсии "Бутун Қирғизистон" Адахон Мадумаров ба додгоҳ кашидани расонаҳо дар Қирғизистонро шарҳ дода, президенти ин кишвар Сооронбой Ҷеенбековро барои талаби далел аз шаҳрвандон дар робита ба ҳолатҳои коррупсионӣ танқид кард.

"Агар дар бораи ҳар як сухан ӯ далел пурсад, пас раисони минтақаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, додситонӣ, вазоратхонаҳо ва ҳукумат ба вай барои чӣ лозиманд? Пас фаҳмида мешавад, ки ҳар як шаҳрванд бояд худ исбот кунад, ки ҳақ аст",-афзуд ӯ.

Ҷеенбеков 12 декабр бо қирғизистониҳои муқими АМА мулоқот кард. Шаҳрванди Қирғизистон Чолпон Абдураҳмонова аз ӯ пурсид, нисбат ба дороиҳои хонаводаи Матраимовҳо, ки дар эъломия зикр нашудаанд, чи чора андешида мешавад. Президент дар посух аз духтар далел талаб кард, ки баҳсҳои тундеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар якҷоягӣ бо Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва сомонаи Kloop.kg қисмати дувуми таҳқиқоти рӯзноманигориро дар бораи ба хориҷ бурдани 700 миллион доллар аз Қирғизистон нашр карданд.

Рӯзи 10 ноябр дар шаҳри Истамбули Туркия яке аз чеҳраҳои калидии таҳқиқоти рӯзноманигорӣ - тоҷири чинӣ Айэркен Саймаитӣ кушта шуд. Вай дар суҳбат бо рӯзноманигорон иқрор шуда буд, ки хонаводаи муовини пешини раиси Хадамоти гумрук Раимбек Матраимов дар фасодкорӣ даст дорад.

Хонаводаи Матраимовҳо 9 декабр барои ҳифзи обрӯй ва шарафи худ зидди бахши қирғизии Радиои Озодӣ, рӯзноманигор Алӣ Токтакунов, сомонаҳои 24.kg ва Kloop.kg ба додгоҳ шикоят бурданд.

XS
SM
MD
LG