Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвиз Мушарраф ба қатл маҳкум шуд. ВИДЕО


Генерал Парвиз Мушарраф, президент ва фармондеҳи пешини артиши Покистон, рӯзи 17-уми декабр ғоибона аз сӯи додгоҳе дар Исломобод ба қатл маҳкум шуд. Ӯро ба "хиёнат" ва "саркашӣ аз Қонуни асосӣ" гунаҳкор карданд.

Ба навиштаи расонаҳои байналмилалӣ, се додрас ҳукми худро нисбат ба генерал Мушарраф ҳанӯз як моҳ пеш содир карда буданд, аммо Додгоҳи олии Исломобод онҳоро аз эълони он манъ карда буд.

Парвиз Мушарраф дар моҳи октябри соли 1999 дар натиҷаи як табаддулот ҳукумати нахуствазир Навоз Шарифро сарнагун кард ва аз соли 2001 то 2008 раиси ҷумҳури Покистон буд. Вай соли 2007 ба хотири онки мавриди импичмент ё радди салоҳият қарор нагирад, ҳолати фавқулода эълон кард ва Қонуни Асосии Покистонро ба ҳолати таълиқ даровард. ​

Худи Мушарраф дар ҳоли ҳозир барои муолиҷа дар Дубай қарор дорад. Додгоҳ соли 2016 ба ӯ иҷозат дод, ки барои муолиҷа ба хориҷ сафар кунад.

Парвиз Мушарраф ба эъдом маҳкум шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:53 0:00

Парвиз Мушарраф нахустин раҳбари низомии Покистон аст, ки муҳокима ва маҳкум мешавад.

Артиши Покистон, ки дар ин кишвар аз қудрати боло бархӯрдор аст, то ба ҳол ба ин ҳукми додгоҳ вокуниш нишон надодааст. Фирдавс Ошиқ Авон, ёвари вижаи нахуствазири Покистон гуфтааст, давоми имрӯз нуқтаи назари ҳукумат дар робита ба ин ҳукми додгоҳ дар ихтиёри расонаҳо қарор хоҳад гирифт. Худи нахуствазир Имрон Хон дар ҳоли ҳозир дар сафари хориҷӣ қарор дорад.

Аммо аҳзоби мухолифи Покистон аз ин тасмими додгоҳ истиқбол кардаанд. Аҳсан Иқбол, дабири кулли Ҳизби робитаи мусалмонон (шохаи Навоз Шариф) бо истиқбол аз ин ҳукми додгоҳ гуфтааст, ки барои бори аввал дар таърихи Покистон волоияти қонун собит шуд.

Биловал Бҳутто-Зардорӣ, писари Беназир Бҳутто ва президенти пешин Осиф Алӣ Зардорӣ, ки дар ҳоли ҳозир раҳбарии Ҳизби мардумии Покистонро бар ӯҳда дорад, дар вокуниш дар сафҳаи "Твиттер"-и худ навишт, "демократия беҳтарин интиқом мебошад".

Додгоҳи зиддитеррористии Покистон қаблан Парвиз Мушаррафро дар робита ба куштори Беназир Бҳутто, фирорӣ эълон карда буд, ки аз адолати додгоҳӣ пинҳон шудааст. Парвиз Мушарраф, ки нахуствазири пешин Беназир Бҳутто дар замони раҳбарии ӯ кушта шуд, ба бемасъулиятӣ дар таъмини амнияти ин сиёсатмадор низ муттаҳам мешавад.

Ҳукумати Мушарраф дар куштори Бҳутто Байтуллоҳ Маҳсуд, раҳбари Толибони Покистонро гунаҳкор кард. Аммо Маҳсуд даст доштанаш дар ҳамларо рад мекард. Байтуллоҳ Маҳсуд соли 2009 дар ҳамлаи бесарнишини Амрико кушта шуд.

Дар Покистон низоми порлумонӣ амал мекунад ва ҳар ҳизбе, ки дар интихоботи умумӣ аксарияти курсиҳоро ба даст овард, ҳукуматро ташкил медиҳад. Дар таърихи ҳафтодсолаи ин кишвар, то ба ҳол ҳеч нахуствазир натавонистааст маъмурияти панҷсолаи худро ба поён расонад.

Дар ин кишвар дар баробари шохаҳои сегонаи қудрат, боз як нерӯи дигаре ҳам фаъол ҳаст, ки дар лаҳзаҳои бӯҳронӣ вориди майдон мешавад ва кишварро аз варта "наҷот" медиҳад.

Артиши Покистон дар таърихи беш аз ҳафтодсолаи ин кишвар тақрибан нисфи ин муддат қудратро дар ихтиёр доштааст. Пеш аз Мушарраф, генералҳо Яҳёхон, Аюбхон ва Зиёулҳаққ солҳо бо панҷаи оҳанин дар Покистон ҳукумат карданд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG