Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский тарҳи қонуни ғайримарказикунонии қудратро пешниҳод кард


Президенти Украина тарҳи қонуни ғайримарказикунонии қудратро ба порлумон пешниҳод кард, ки аз ҷумла, тақсимоти нави маъмурӣ ва ҳудудии ин кишварро пешбинӣ мекунад.

Зеленский низоми сесатҳаи мақомоти маҳаллӣ - ҷамоат, округ ва вилоятро пешниҳод кардааст. Ҷумҳурии худмухтори Қрим минтақаи алоҳидаи маъмурӣ ва аз мақоми махсус бархурдор буда, дар бораи ҷумҳуриҳои худхондаи Донбасс чизе гуфта нашудааст.

Ба ҷумҳуриҳои худхондаи Луҳанск ва Донетск дар созишномаи Минск мақоми махсус дода шудааст. Раҳбари Донетск Денис Пушилин пештар гуфта буд, ки Киев санадро бо ҷумҳуриҳои берун аз идораи Украина мувофиқа накардааст.

Ҳамчунин дар Украина вазифаи префект таъсис ёфт. Он давлатро дар Киеву вилоятҳо намояндагӣ хоҳад кард. Префект риояи Конститутсия ва қонунҳоро дар минтақаҳо назорат хоҳад кард. Префектҳо барои се сол аз сӯи президент таъйин мешаванд.

Лоиҳаи пешниҳодии Зеленский мақоми таъхирнопазирӣ дорад ва бинобар ин, кумитаву комиссияҳои порлумонӣ бояд нахуст онро баррасӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG