Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони коҳиши эҳтимолии сарбозони Амрико дар Афғонистон


Сарбозони Амрико дар вилояти Лугар
Сарбозони Амрико дар вилояти Лугар

Бино ба гузориши телевизиони Си Эн Эн, мумкин аст, Иёлоти Муттаҳида ба зудӣ сеяки нерӯҳояшро аз Афғонистон хориҷ кунад. Ин телевизиони амрикоӣ аз қавли як мақоми ҳукумати раиси ҷумҳур Доналд Трамп навишт, шояд ҳамин ҳафта дар бораи берун овардани 4 ҳазор сарбоз аз Афғонистон эълон диҳанд. Иёлоти Муттаҳида айни замон дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон тақрибан 13 ҳазор сарбоз дорад.

Нерӯҳои Амрико баъди оғози амалиёт ба зидди Толибон дар соли 2001 дар Афғонистон ҷойгир шуданд. Доналд Трамп моҳи августи имсол гуфт, мехоҳад, теъдоди сарбозонро кам карда, то 8600 нафар бирасонад.

Гузориш дар бораи коҳиши нерӯҳо дар ҳоле нашр шуд, ки қарор аст, ҳукумати Амрико стратегияи наваш барои кишварҳои Осиёи Марказиро ба зудӣ муаррифӣ кунад. Кишварҳои ин минтақа аз ҷумла Тоҷикистон барои хотима додан ба ҷанги тӯлонӣ дар Афғонистон ва аз ҷумла аз роҳи музокирот бо гуруҳи тундрави Толибон бо Иёлоти Муттаҳида ҳамкорӣ доранд.

XS
SM
MD
LG