Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Маскав: ҷинояткории хориҷиҳо коҳиш ёфтааст


Як мақоми полиси Маскав гуфт, ки соли 2019 мизони ҷинояткорӣ дар миёни хориҷиҳо коҳиш ёфтааст. Оҷонсии Интерфакс бо истинод ба Дмитрий Сергиенко, як мақоми муҳоҷирати ВКД-и шаҳри Маскав навишт, ки шаҳрвандони хориҷӣ тақрибан 5,5 ҳазор ҷиноят содир кардаанд, ки 16,7 дарсад камтар назар ба соли гузашта будааст. Инчунин, мизони ҷиноятҳои сангине, ки аз ҷониби хориҷиҳо дар шаҳри Маскав содир шудааст, 23 дарсад коҳиш ёфтааст, гуфт Сергиенко дар як мизигирди Палатаи ҷамъиятӣ. Ӯ гуфтааст, ки 96 дарсади ҷиноятҳоро шаҳрвандони Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон содир кардаанд.

Мавзӯи ҷинояткорӣ дар миёни хориҷиҳо яке аз масоилест, ки пайваста мавриди истифодаи афрод ва гурӯҳҳои сиёсӣ дар Русия қарор мегирад. Дар гузашта таҳлилгарон гуфтаанд, дар ҳоле, ки мизони ҷиноятҳои аз ҷониби хориҷиҳо содиршуда дар қиёс бо қонуншиканиҳое, ки худи шаҳрвандони Русия содир кардаанд, ба маротиб камтар аст, дар ҳолатҳои зарурӣ давлатмардони рус омори ҷиноятҳоро барои фишороварӣ ба кишвари ҳамкор истифода мекунанд. Аз сӯи дигар, ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки ҳодисаҳои бепояву асос дар ҷиноят муттаҳам шудани муҳоҷирон дар Русия кам нест ва омори ҷиноятҳои муҳоҷирон баёнгари вазъи воқеии ҷинояткорӣ буда наметавонад.

XS
SM
MD
LG