Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақлиёти ройгон барои сокинони Хоруғ дар рӯзи мавлуди Шоҳзода Карим Оқохон


Имрӯз, 13-уми декабр Шоҳзода Карим Оқохон, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон 83-сола шуд. Дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор пайрави мазҳаби исмоилия зиндагӣ мекунанд ва бахши аъзами онҳо дар вилояти Бадахшон ҳастанд ва ин санаро бо баргузории барномаҳои мухталиф таҷлил мекунанд.

Ба ин муносибат имрӯз дар Маркази ислоилияи шаҳри Хоруғ ва Литсейи Оқохон дар ин шаҳр, чорабиниҳои фарҳангӣ доир мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз, нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хоруғ барои сокинон ройгон хизмат мекунанд. Баргузории намоишгоҳе низ дар ин шаҳр назар аст.

Дар Маркази исмоилияи Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бинобар рӯзи муқаррарии корӣ, ба ин муносибат имрӯз барномае дар назар гирифта нашудааст.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ҳам дар паёме ба ин муносибат, аз Шоҳзода Карим Оқохон "чун ҳомии кулли исломи ноб, шахсияти сулҳпарвар ва ободкору инсондӯст", ёд кардааст. Дар ин паёми Ёдгор Файзов, ки дар сафҳаи "Фейсбук"-и мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нашр шуд, ҳамчунин аз ҳамкориҳои хуби Шабакаи Оқохон ва Ҷамоат бо ҳукумати Тоҷикистон ёддоварӣ шудааст.

Карим Оқохон ё Оқохони чаҳорум рӯзи 13-уми декабри соли 1936 ба дунё омадааст. Ӯ имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон мебошад ва пас аз бобояш Оқохони севум дар соли 1957 ба имомат расид. Ӯ дар риштаи таърихи ислом дар Донишгоҳи Ҳарвард таҳсил кардааст. Оқохони чаҳор аз сарватмандарин шахсиятҳои мусалмон низ ба шумор меравад.

Пайравони шохаи исмоилияи мазҳаби шиа умдатан дар Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон, Сурия, Танзания, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо ба сар мебаранд. Пайравони ин равия дар Тоҷикистон асосан дар вилояти Бадахшону шаҳри Душанбе ва баъзе аз минтақаҳои дигари кишвар зиндагӣ мекунанд.

Пас аз истиқлоли Тоҷикистон, Оқохони чаҳор чанд дафъа ба Тоҷикистон сафар кард ва бо пайравонаш мулоқот дошт.

XS
SM
MD
LG