Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп ва Помпео бо Лавров роҷеъ ба Эрон, Кореяи Шимолӣ ва масоили дигар гуфтугӯ карданд


Президент ва вазири умури хориҷии Амрико бо вазири умури хориҷии Русия, ки ба Вашингтон сафар кардааст, мулоқот ва роҷеъ ба масоили мухталиф гуфтугӯ намуданд. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия рӯзи 10-уми декабр барои дидор бо ҳамтои амрикоии худ Майк Помпео ва низ Доналд Трамп роҳии Вашингтон шуда буд.

Хабари гуфтугӯ байни оқои Трамп ва Сергей Лавров дар сафҳаи "Твиттер"-и раиси ҷумҳури Амрико низ нашр шудааст. Доналд Трамп навиштааст, "мулоқоти хубе" бо Сергей Лавров доштааст ва "дар мавриди масоили мухталиф, аз ҷумла, тиҷорат, Эрон, Кореяи Шимолӣ, Паймони манъи мушакаҳои ҳастаии миёнапарвоз, назорати аслиҳаи ҳастаӣ ва дахолатҳои интихоботӣ", гуфтугӯ карданд. Раиси ҷумҳури Амрико ибрози умедворӣ кардааст, ки гуфтугӯҳо дар "ояндаи наздик" идома пайдо кунад.

Русия дар бархе аз мавридҳо, аз ҷумла, дар масъалаи Эрон, Кореяи Шимолӣ, ва ҷанги Сурия мухолифи сиёсатҳои Амрико аст ва борҳо ин мавзӯъҳо, боиси танишҳои лафзӣ миёни Маскав ва Вашингтон шудааст. Аз ҷумла, Доналд Трамп аз созиши атомӣ бо Эрон хориҷ шуд ва таҳримҳои густурда алайҳи Эрон ҷорӣ кард. Аммо Русия ва қудратҳои дигари ҷаҳонӣ пойбандии худро ба ин созишнома эълон карданд.

Дар ҷараёни дидор, Майк Помпео ва Сергей Лавров дар мавриди Сурия, Венесуэла ва масъалаҳои дигар гуфтугӯ карданд ва ба гузориши "Time", ду вазир ибрози умедворӣ кардааанд, ки ба нуқтаи назари муштарак дар баробари Кореяи Шимолӣ ва Эрон даст пайдо кунанд.

Бино бар хабари нашршуда дар вебсайти вазорати умури хориҷии Амрико, оқои Лавров дар ҷараёни нишасти хабарии муштарак бо оқои Помпео гуфтааст, мавзеи кишвараш дар баробари Теҳрон рӯшан аст. "Ба назари мо лозим аст ҳама корро кард, то созиши ҳастаӣ ҳифз шавад".

Вазири умури хориҷии Русия афзудааст, "табиатан мо аз вазъияти пешомада дар Халиҷи Форс ва дар гулӯгоҳи Ҳурмуз бисёр нигаронем". Ӯ аз ҳама кишварҳо хостааст, то пешниҳоди Русияро баррасӣ кунанд. "Мо пешниҳоди оғози музокирот барои эҷоди чораҳои амнияти гурӯҳӣ дар атрофи Халиҷ (Форс)-ро матраҳ кардаем".

Танишҳо дар минтақаи Халиҷи Форс тайи моҳҳои ахир боло гирифтааст. Ба вижа дар пайи ҳамлаҳо ба киштиҳои тиҷоратӣ, ки Амрико ва муттаҳидонаш Эронро омили он медонанд ва Теҳрон ин иттиҳомро радд кардааст, ин танишҳо боло гирифтааст.

Сарнагунии ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ аз сӯи Ҷумҳурии исломӣ, ҳамлаи густурда ба коргоҳҳои нафтии Арабистони Саудӣ, ки дар ин мавридҳо низ Теҳрон муттаҳам мешавад, аз дигар мавридиҳое мебошад, ки ба таниши кишварҳои минтақа ва Амрико бо Эрон доман задааст.

XS
SM
MD
LG