Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои Тоҷикистону Аврупо дар Брюссел


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Рӯзи 10-уми декабр дар шаҳри Брюссел ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор мешавад. Ҳайати Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин раҳбарӣ дорад. Аз Иттиҳоди Аврупо дар ин ҷаласа Гордан Грлич Радман, вазири умури хориҷа ва умури аврупоии Ҷумҳурии Хорватия ба намояндагӣ ширкат хоҳад кард.

Дар хабари расмии Шӯрои Аврупо гуфта шудааст, ки ҷаласа дар чаҳорчӯби стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, ки моҳи июни имсол қабул шуд. Дар ин ҷаласа масоили марбут ба равандҳои сиёсии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши ҳукумати қонун, риояи ҳуқуқи башар ва озодиҳои бунёдӣ баррасӣ мешавад.

Инчунин, қарор аст, ҳайатҳо вазъи иқтисодӣ дар Тоҷикистон, тиҷорати дуҷониба, шароити иҷтимоиву иқтисодӣ ва масоили мубориза бо фасодро матраҳ кунанд. “Масоили минтақавӣ ва ҳам байналмилалӣ дар меҳвари гуфтугӯҳои ду ҳайат қарор мегирад,” -- гуфта шудааст дар изҳороти расмӣ.

Иттиҳоди Аврупо дар солҳои 2014-2020 ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 227 миллион евро кумак кардааст, ки ин маблағҳо ба бахшҳои маориф, беҳдошт ва рушди деҳот равона шудааст.

Бар асоси стратегияи пешини ИА барои Осиёи Марказӣ дар давоми 7 соли гузашта ба тамоми кишварҳои минтақа дар ҳаҷми 1 миллиард евро кумаку барномаҳо ироа шудааст ва интизор меравад, бар асоси стратегияи нав ин ёриҳо афзоиш ёбанд.

XS
SM
MD
LG