Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси марзбонони узбек бо сокинони Қирғизистони сари гӯсфандони "марзшикан"


Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҳодисаи рӯзи 7 декабр дар марзи байни ин кишвар ва Узбекистон рухдодаро шарҳ дод.

Ба иттилои ниҳоди мазкур, дар наздикии деҳаи Кок-Тоши вилояти Ҷалолободи Қирғизистон, ки бо Узбекистон ҳаммарз аст, сокинони маҳаллӣ гӯсфандчаронӣ мекард. Гӯсфандон хатти шартии марзро убур ва вориди ҳудуди Узбекистон шуданд.

Дар мувофиқа бо созишномаҳои имзошуда, дар ҳолати ворид шудани ҳайвонҳо ба марзи якдигар, марзбонон онҳоро берун мекунанд. "Аз ҳамин хотир марзбонони Узбекистон гӯсфандонро аз ҳудуди он кишвар берун кардаанд. Аммо байни низомиҳои Узбекистон ва сокинони маҳаллии Қирғизистон баҳси лафзӣ рух додааст",-хабар дод Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Баъди чанде марзбонони Қирғизистон низ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, бо ҳамтоёни узбеки худ гуфтугӯ карданд. Баҳси ду ҷониб ҳал шуд. Ин хадамот аз сокинони наздимарзӣ даъват кард, ки ҳар гуна нофаҳмиро бо роҳи гуфтугӯ ҳал кунанд.

XS
SM
MD
LG