Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Куриёи Шимолӣ як мушаки дурпарвозро санҷиш кардааст

Мақомоти Куриёи Шимолӣ гуфтанд, як озмоиши муҳими мушакҳои дурпарвозро анҷом доданд.

Пеш аз ин мақомҳои амрикоӣ гуфта буданд, Куриёи Шимолӣ ниме аз маҳаллеро, ки мушак ба тозагӣ аз онҷо партоб шуд, дар натиҷаи гуфтугӯҳо бо ҳадафи ғайриҳастаӣ кардани нимҷазираи Куриё вайрон намудааст.

Пхенян рӯзи 8-уми декабр эълом кард, озмоиши навро пас аз он анҷом дод, ки як мақоми Куриёи Шимолӣ гуфтааст: "дар музокирот бо Иёлоти Муттаҳида ғайриҳастаӣ кардани нимҷазираи Куриё шомил нест.”

Мақомҳои Куриёи Ҷанубӣ аз ибрози назар дар мавриди озмоиши нави мушаки Куриёи Шимолӣ худдорӣ кардаанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Гузоришҳо: Ду тан ба асари даргирӣ миёни ду гурӯҳи Толибон дар Лугар кушта шуданд

Бемористони марказии Лугар.

Бар асари даргирӣ миёни ду гурӯҳи Толибон дар вилояти Лугар, шуморе аз афрод кушта ва захмӣ шудаанд. Бархе расонаҳои маҳаллӣ ва хабаргузориҳо гузориш доданд, ки дар ин бархурди рузи якшанбе, ду тан аз Толибон кушта ва 5 ғайринизомӣ захмӣ шуданд. Тибқи гузоришҳо, ин даргирӣ дар идораи шиносномадиҳӣ рух додааст. Мақомоти маҳаллии Толибон то кунун дар ин бора ибрози назар кардаанд. Вале як манбаи муътамад дар Идораи шиносномадиҳӣ ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ин даргирӣ дар берун аз бинои ин идора сурат гирифтааст ва танҳо як нафар аз Толибон кушта шудааст. Ин манбаъ дар бораи захмӣ шудани ғайринизомиён чизе нагуфт. Раванди додани шиноснома дар вилояти Лугар ва бархе вилоятҳои дигари Афғонистон аз рузи шанбе оғоз шуд ва тибқи гузоришҳо, издиҳоми мардум дар назди идораҳои шиносномадиҳӣ, боиси мушкилот дар ин раванд шудааст.

Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, 6 ҳизб вориди порлумони Қирғизистон мешаванд

Интихоботи порлумонӣ дар Қирғизистон. 28 ноябр, 2021.

Бино ба ҳисобҳои ибтидоии Комисияи интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон, шаш ҳизби сиёсӣ дар интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе барои ворид шудан ба порлумон раъйи кофӣ гирифтаанд. Миёни ин шаш ҳизб танҳо яке мухолиф аст.

Дар шумориши раъйҳо дар ҷойи аввал ҳизби ҳукуматгарои "Ата-Журт Қирғизистон" ва 4 ҳизби дигари содиқ ба ҳукумат пайи ҳам қарор доранд. Аз ҳизбҳои мухолиф танҳо "Бутун Қирғизистон" бештар аз 5 дарсад раъй касб кардааст.

Ҳангоми шумориши раъйҳои электронӣ мушкили техникӣ сар задааст. Комисияи интихоботӣ шарҳ надодааст, ки мушкили техникӣ аз чи иборат аст.

Аз рӯйи рӯйхати ҳизбӣ 54 вакил ва аз ҳавзаҳои якмандатӣ 36 вакил интихоб мешавад.

Натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ дар тирамоҳи соли гузашта ба далели эътирозҳои мардумӣ бекор карда шуданд. Он интихобот дар ниҳоят боиси барканории президенти пешини Қирғизистон ва тағйири конститутсияи он кишвар шуд. Конститутсияи нав, ки соли ҷорӣ қабул шуд, ҷумҳурии порлумонии Қирғизистонро амалан ба ҷумҳурии президентӣ табдил дод.

Дар 20 соли охир эътирозҳои мардумӣ се маротиба боиси тағйири президент шудаанд.

Шаҳрдори Тошканд шикоят дорад, ки сокинон бо $140 моҳона кор намекунанд

Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев, шаҳрдори Тошканди Узбекистон гуфт, "касе аз узбекистониҳо намехоҳад, ки бо 140 доллари моҳона кор кунад". Ин изҳороти раиси шаҳри Тошканд ошкор кард, ки кори рӯзбайъ даромади бештар аз моҳонаи пешниҳодии мақомоти Узбекистонро доштааст. Бино ба назарсанҷиҳо, мардикорон дар саросари Узбекистон рӯзона аз 7,5 доллар то 11 доллар даромад доранд.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 23-юми ноябр ба ноҳияи Шайхонтаҳури Тошканд рафт ва дар суҳбат бо сокинон гуфт, дар шаҳри Тошканд ҷойҳои кории зиёде ҳаст, ки ниёз ба мутахассисон дорад.

Дар посух ба ин ҳарфҳои президент Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев, шаҳрдори Тошканд гуфт, корҷӯён намехоҳанд, бо маоши 140 доллар дар моҳ кор кунанд.

Бино ба иттилои Кумитаи омори Узбекистон, моҳонаи миёна дар он кишвар 266 долларро ташкил медиҳад.

Аммо ин дар ҳолест, ки бисёре аз узбекистониҳо аз ҳисоби маблағҳои интиқолии муҳоҷирони меҳнатии он кишвар рӯз мегузаронанд. Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, то охири соли ҷорӣ ҳаҷми маблағзҳои интиқолии муҳоҷирони узбекистонӣ аз хориҷ ба 7,6 миллиард доллар хоҳад расид. Дар соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағи муҳоҷирон 6,03 миллиардро ташкил дода буд.

Дар Қирғизистон интихоботи порлумонӣ анҷом ёфт

Интихоботи порлумонии 28-уми ноябр дар Қирғизистон такрори интихоботи соли гузашта аст, ки натиҷаҳояш бекор шуда буд.

Сандуқҳои раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонии 28-уми ноябр дар Қирғизистон баста шуданд.

Кумитаи марказии интихобот хабар дод, ки беш аз 30 дарсади афроди соҳиби ҳаққи раъй дар раъйдиҳӣ ширкат кардаанд. Ҳанӯз ин натиҷаи ниҳоӣ нест ва шумориши афроде, ки ба овоздиҳӣ рафтаанд, давом дорад.

Таҳлилгарон аз ин пеш гуфта буданд, ки эҳтимол шумораи камтари сокинон ба интихобот биоянд, чун дар ин кишвари Осиёи Марказӣ дар як сол бори чорум аст, ки интихобот баргузор мешавад.

Чанд рӯз пеш аз баргузории интихобот мақомот эълон карданд, ки 15 нафарро барои омодагӣ ба табаддулот боздошт кардаанд.

Эътирози сокинон дар Қирғизистон дар ду даҳсолаи ахир се бор боиси барканории раҳбарони кишвар шудааст. Соли гузашта низ пас аз эътирози сокинон, ки интихоботро ношаффоф медонистанд, Сооронбой Ҷеенбеков, президенти вақти кишвар аз мақомаш истеъфо дод. Содир Ҷабборов, ки дар пайи эътирозҳо аз зиндон раҳо шуд, президенти ин кишвар гардид.

Ҷабборов дар як райъпурсӣ конститутсияро тағйир дод, ки ба президент салоҳиятҳои бештар медиҳад. Инро мухолифон ғасби қудрат номиданд.

Интихоботи рӯзи 28-уми ноябр такрори интихоботи моҳи октябри соли гузашта аст, ки пас аз эътирозҳо натиҷаҳои он бекор шуда буд.

Дар интихоботи навбатӣ 21 ҳизби сиёсӣ барои 90 курсии порлумони Қирғизистон мубориза карданд.

Раҳмон дар Туркманистон бо кӣ чӣ гуфт?

Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Туркманистон баргузор шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар сафараш ба Туркманистон бо раҳбарони Туркия, Узбекистон, Покистон ва Эрон суҳбат кардааст.

Ин сафари ӯ дар доираи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ сурат мегирад.

Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ва Ориф Алвӣ, президенти Покистон мавзуи Афғонистонро баррасӣ кардаанд. Ӯ дар суҳбати ҷудогона бо ду президент гуфтааст, аз роҳандозии ҳама гуна таррҳҳое, ки барои амнияти Афғонистон заруранд, пуштибонӣ мекунад.

Дар суҳбат бо Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон, Раҳмон ҳамкориҳои ду кишварро судманд номидааст. Дар чанд соли ахир муносибати Эрону Тоҷикистон ба сардӣ гароида буд, вале ҳоло дида мешавад, ки муносибатҳо дубора беҳбуд ёфтаанд.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон навиштааст, ки ҳамкориҳо бо Туркияро Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раҳбари ин кишвар ва Эмомалӣ Раҳмон қаноатманд гуфтаанд.

Сафари ӯ дар пасманзари ҳодисаҳои Хоруғи вилояти Бадахшон сурат мегирад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ӯ танқид кардаанд, ки ба ҷои ҳалли бӯҳрони дохилӣ ба хориҷ сафар кардааст. Тарафдоронаш ин сафарро бо дарназардошти аҳмияти минтақавӣ муҳим хондаанд.

Ҳодисаи Хоруғ. Ҷомеаи шаҳрвандӣ хост, истифодаи яроқ фавран қатъ карда шавад

Эътироз дар Хоруғ чор рӯз боз идома дорад.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар як муроҷиат ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз фавт ва захмӣ шудани чанд сокини Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар рӯзҳои ахир нигаронӣ карда, хостори таҳқиқи қатъӣ дар ин замина шудаанд.

Фаъолон аз президент хостаанд, “муқобили аҳолии шаҳри Хоруғ, ВМКБ аз ҳад зиёд истифода бурдани қувва ва яроқи оташфишон фавран қатъ карда шавад.” Мақомот ба ин изҳорот вокуниш накарданд, вале рӯзи гузашта додситонӣ баръакс эътирозгаронро ба авбошӣ ва ҳамла ба вакили порлумон муттаҳам карда буд.

Муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандӣ рӯзи 28-уми ноябр нашр шуда, зери он 9 ташкилоти ҷамъиятӣ аз ҷумла "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", "Дунёи ҳуқуқ", "Ташаббуси ҳуқуқӣ", "Солимии ҷамъият ва ҳуқуқи инсон", "Нотабене", "Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ", "Маркази ҳуқуқи инсон", "Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон" ва "Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир" имзо гузоштаанд.

Дар муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандӣ омадааст, дар ҳодисаҳои ахир дар ВМКБ 3 сокини мулкӣ фавтида, зиёда аз 16 нафар сокинон ва кормандони мақомот захмӣ шудаанд. Фаъолон аз пеш омадани чунин ҳолат нигаронӣ кардаанд.

"Мо аз таъсиси гурӯҳи махсуси корӣ бо иштироки тамоми ҷонибҳои манфиатдор оид ба таҳқиқи марги Зиёбеков Гулбиддин ва дигарон, инчунин кафолати тафтишоти ошкоро истиқбол мекунем. Мо аз мақомоти кишвар даъват менамоем, ки дар ӯҳдадориҳои худ устувор бошанд ва барои ҳалли мусолиматомези низоъ ва пешгирии нақзи ҳуқуқи инсон дар оянда тамоми талошҳои заруриро ба харҷ диҳанд,"-навиштаанд фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба президент.

Фаъолон ҳамчунин аз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дархост кардаанд, то "ҳуқуқи конститутсионии ҳар як шахс барои баргузор намудани ҷамъомади осоишта"-ро таъмин карда, аз таъқиби шахсони ширкатдошта дар эътирозҳои ахир, пешгирӣ намоянд. Ҳамчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ хостори барқарори кардани ҳама намуд алоқа ба ВМКБ шудаанд.

Вокуниши мақомот ба изҳороти ҷомеаи шаҳрвандӣ маълум нест. Вале масъулин истифодаи зӯр алайҳи эътирозгарон дар шаҳри Хоруғро рад карда гуфтаанд, баръакс сокинон буданд, ки рӯзи 27-уми ноябр ба вакили порлумон Азиз Гиёзода ҳамла карданд. Додситонии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар изҳороте гуфт, вакил баъди ин ҳодиса захмӣ шудааст.

Рӯзи 28-уми ноябр ҳамчунин Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо пахши изҳороте аз талошҳои давлат барои обод кардани ВМКБ ёд кардааст. ИЖТ аз рӯзноманигорон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дархост кардааст аз "тафриқаандозӣ" худдорӣ карда, баръакс "каломи тақдирсози худро бештар кунанд."

Ҳаводиси чаҳор рӯзи ахир дар шаҳри Хоруғ нигарониҳои зиёдро дар ҷомеаи Тоҷикистон ба миён овардааст. Мақомот гуфтанд, талош доранд аз роҳи гуфтугӯ бо намояндагони эътирозгарон масъаларо ҳал кунанд. Тазоҳуркунандагон хостори таҳқиқи одилонаи марги Гулбиддин Зиёбеков ва муҷозоти гунаҳкорони ин ҳодиса мебошанд.

Дар Қирғизистон вакилони порлумонро интихоб мекунанд

Маъракаи овоздиҳӣ ба интихоботи порлумонии Қирғизистон субҳи 28-уми ноябр оғоз шуд.

Дар Қирғизистон имрӯз, 28-уми ноябр сокинон вакилони порлумонро интихоб мекунанд.

Барои овоз додан дар ин кишвар 2435 қитъаи овоздиҳӣ боз кардаанд. Сокинон бояд 90 вакили порлумонро интихоб кунанд, ки 54 нафари онҳоро ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳод кардаанд. 21 ҳизби сиёсӣ барои ширкат дар интихобот 321 номзад пешниҳод кардаанд.

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон аз мардум даъват кард, ки ба овоздиҳӣ биоянд. Ба гуфтаи ӯ, ҳар овоз сарнавишт ва ояндаи кишварро муайян мекунад.

Интихоботи порлумонии соли гузашта дар Қирғизистон ҷанҷол бапо кард. Сокинон аз натиҷаҳои он эътироз карданд. Дар пайи эътироз, Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон истеъфо дод ва ба ҷойи ӯ Содир Ҷабборов, ки тоза аз зиндон раҳо шуда буд, сари қудрат омад.

Толибон ба Қатар рафтанд, то бо намояндагони ИМА гуфтугӯ кунанд

Ҳайати Толибон

Мақомоти Қатар дар мулоқот бо ҳайати Толибон ба ҷалби дубораи духтарон ба таҳсил суҳбат кардаанд. Як ҳайати Толибон барои суҳбат бо мақомоти амрикоӣ ба Қатар сафар кардаанд.

Ба асоси гузориши рӯзномаи “Гулф таймз” ин ҳайат бо раҳбарии Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷии Толибон бо Мутлақ ал-Қаҳтонӣ, намояндаи Қатар низ рӯзи 26-уми ноябр суҳбат кардаанд.

Дар баробари суҳбат дар мавриди кумакҳои башардӯстона, мубориза бо терроризм ҷониби Қатар ба ҷалби духтарон ба таҳсил таъкид кардаанд.

Қарор аст, ки Толибон дар ин сафарашон ба Қатар бо намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ гуфтугӯ кунанд.

Толибон миёнаи моҳи август Кобулро тасарруф карданд ва ҳукумати худро эълон доштанд. Бо гузашти беш аз сад рӯз ҳанӯз ҳеҷ кишваре ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст.

Китоб дар бораи падари президенти Чеченистонро дар мактаб мехонанд

Акси Аҳмад Қодиров ва писараш Рамзан Қодиров дар Чеченистон

Китоб дар бораи падари раҳбари Чеченистон ҳамчун китоби дарсӣ дар барномаҳои мактабӣ ворид шудааст

Китоби дар бораи Аҳмад Қодиров бо номи "Роҳе, ки бо нур равшан шудааст" барои синфҳои болои тавсия мешавад. Муаллифи китоб корманди пулис ва тоҷир будааст.

Дар китоб дар бораи замони президентии Аҳмад Қодиров нақл мешавад, ки дар як таркиш ҷон дода буд. Ба ҷойи ӯ, ҳоло Чеченистонро Рамзан Қодиров, писари ӯ раҳбарӣ мекунад.

Рамзан Қодиров барои нақзи ҳуқуқи инсон ва саркуби дигарандешон танқид мешавад. Ӯ аз пуштибонии Владимир Путин, президенти Русия бархӯрдор аст ва солҳои тӯлонӣ раҳбарии ин кишвари Қафқозро бар душ дорад.

Раҳмон гуфт, аз "тарҳҳои зарурӣ" барои Афғонистон пуштибонӣ мекунад

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон гуфтааст, аз роҳандозии ҳама гуна таррҳҳое, ки барои амнияти Афғонистон заруранд, пуштибонӣ мекунад.

Ба навиштаи сомонаи президенти Тоҷикистон, ин ҳарф ҳангоми суҳбат бо Ориф Алвӣ, президенти Покистон садо додааст.

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки ҳукумати Толибон дар Афғонистонро қабул надорад, вале аксаран Покистонро пуштибони аслии ин гурӯҳ медонанд.

Президенти ду кишвар роҳҳои амалӣ кардани тарҳи “САSA-1000”-ро низ баррасӣ кардаанд. Бар асоси ин тарҳ, ки қарор аст, то соли 2023 ба итмом расад, аз Қирғизистону Тоҷикистон тариқи Афғонистон ба Покистон барқ интиқол хоҳад ёфт.

Эълони пуштибонии Раҳмон аз тарҳҳои ба гуфтаи ӯ, зарурӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки Тоҷикистон ба интиқоли кумакҳои башардӯстона тариқи хоки худ ба Афғонистон ризоият додааст. Ёрии нахустин, ки аз 2500 тонна орд иборат буд, аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ба минтақаи Бадахшони Афғонистон тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон интиқол дода шудааст.

“Дар ҳоли ҳозир ҳеҷ як созмон ва давлати кӯмакрасон ба минтақаҳои мазкури Афғонистон дастрасӣ надоранд. Бинобар ин Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки қаламрави худро барои интиқоли ин гуна мавод пешниҳод намояд,”-омадааст дар хабарномаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Кӯмакҳои башардӯстона дар ҳоле ба Афғонистон интиқол меёбанд, ки вазъи мардум дар ин кишвар баъди ба қудрат расидани Толибон бамаротиб вазнинтар шудааст. Созмонҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, аксари аҳолии Афғонистон феълан ба кӯмакҳои башардӯстона ниёз доранд.

Толибон аз нимаи моҳи август қудрат дар Афғонистонро ба даст гирифтаанд, вале то ҳол ҳеч кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст. Созмонҳои ҷаҳонӣ аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, бидуни ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон ба мардуми Афғонистон кӯмак мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон рафтааст

Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 27-уми ноябр ба Туркманистон рафтааст. Мақомот гуфтанд, ӯ дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ иштирок хоҳад кард.

Вазирони корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод, нақлиёт, саноат ва раиси ширкати "Роҳи оҳан" низ ба Ишқобод (Ашхобод) рафтаанд.

Дафтари матбуоти президент гуфт, Эмомалӣ Раҳмон 27-уми ноябр бо Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, вохӯрда, ду тараф рушди робитаҳо дар бахши тиҷорату иқтисод, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, интиқоли бору мусофиркашонӣ ва истифода аз бандарҳои обии Туркманистонро баррасӣ карданд.

Ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки аз 25-уми ноябр ба ин сӯ дар Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, гирдиҳамоии эътирозӣ ҷараён дорад, вале мақомот ҳеч шарҳе намедиҳанд.

Эътирозгарон талаб доранд, ки сабабгорони марги Гулбиддин Зиёбеков, сокини 29-солаи ноҳияи Роштқалъа, боздошту муҷозот шаванд.

Додситонии Бадахшон рӯзи 25-уми ноябр гуфт, Зиёбеков дар кофтукоб буд ва ҳангоми амалиёти боздошт “муқобилият нишон доду захмӣ шуд”. Норозиён иддао доранд, ки ӯ қасдона кушта шудааст.

Дар се рӯзи охир дар бораи кушта ва захмӣ шудани чанд сокини дигар низ гузориш мерасад. Мақомот то ин дам маҷруҳ шудани панҷ корманди ниҳодҳои қудратӣ ва як вакили порлумонро дар Бадахшон тасдиқ кардаанд.

Дар кӯдакистонҳои Туркманистон дидани филмҳои русиро манъ карданд

Яке аз кӯдакистонҳо дар Туркманистон

Дар баъзе аз кӯдакистонҳои Туркманистон тифлонро аз дидани филмҳои тасвирии русӣ маҳрум кардаанд. Дар ин бора кормандони кӯдакистонҳо рӯзи 25-уми ноябр ба бахши туркмании Радиои Озодӣ хабар доданд.

Дар робита ба намоиш додани филмҳои тасвирӣ бо забони русӣ дар вилояти Фороби Туркманистон чанд мураббии боғчаро аз кор рондаанд. "Нозирони маориф мураббияҳоро аз кор ронда, мудири боғчаҳоро танбеҳ доданд," -- гуфт як манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, нозирон ба мудирони боғчаҳои вилояти Фороб ҳушдор додаанд, ки аз ин ба баъд ба кӯдакон танҳо филмҳои тасвирӣ бо забони туркманиро нишон диҳанд.

Созиши Илҳом Алиев ва Никол Пашинян бо миёнравии Путин

Раҳбарони Русия, Арманистон ва Озарбойҷон. Акс аз бойгонӣ

Президентҳои Озарбойҷон ва Арманистон дар мавриди нишонагузории марзи миёни ду кишвар ва рушди робитаҳои иқтисодӣ ба созиш расидаанд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 26-уми ноябр гуфтугузор барои тавофуқи миёни Илҳом Алиев ва Никол Пашинянро дар шаҳри Сочӣ мизбонӣ мекард.

Пас аз ин тавофуқ ҳар ду раҳбар ваъда додаанд, ки кумисюни давлатии ду кишварро барои таъини сарҳад ва таъмини амнияту субот дар марзҳои ду кишвар вазифадор хоҳанд кард.

Ҳафтаи гузашта дар марзи Озарбойҷону Арманистон даргирии маргбор рӯй дод.

Соле пеш ду кишвар бар сари минтақаи баҳсии Қарабоғи Кӯҳӣ 44 рӯз ҷанг карданд. Он замон бо миёнравии Русия тарафҳо оташбас эълон карданд, вале Алиев ва Пашинян дар дидори сесоатаи худ бо Владимир Путин гуфтаанд, ҳанӯз корҳои зиёде ҳал ношуда монд.

Тоҷикистон се шаҳрванди дастгиршудаи Қирғизистонро ба Бишкек супурдааст

Гузаргоҳи "Кулунду" дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Тоҷикистон се шаҳрванди Қирғизистонро, ки дар қаламрави кишвар дастгир шудаанд, ба Бишкек супурдааст. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 27-уми ноябр навишт, ки Қирғизистон дар навбати худ ду шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистонро ба Душанбе медиҳад.

Мақомоти Тоҷикистон дар мавриди раҳоии се шаҳрванди Қирғизистон чизе нагуфтанд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар эъломияе навишт, ки ҷонибҳо рӯзи 26-уми ноябр масъалаи баргардондани шаҳрвандони дастгиршудаи ду кишварро баррасӣ карданд.

“Худи ҳамон рӯз дар гузаргоҳи “Кулунду” марзбонони тоҷик се шаҳрванди Қирғизистонро ба ҳамкорони қирғизашон супурданд. Тавре зикр гардид, се нафари дигар аз қирғизистониён дар ояндаи наздик ба ватан баргардонида мешаванд,” – гуфта шудааст дар эъломияи Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Ба иттилои Хадамот, тарафҳо ҳамчунин мушкилоти марбут ба корҳои сохтмонӣ дар шоҳроҳи Борбордуқ-Арка (Хуҷанд-Конибодом)-ро баррасӣ кардаанд. Ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, барои қатъи корҳои сохтмонӣ чора меандешад.

Мавзӯи дигари дидор тахриби қитъаи роҳи оҳани Сулукту-Пролетар будааст, аммо ҷузъиёташ маълум нест.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ навишт, бино ба гузоришҳо, то имрӯз ҳудуди даҳ шаҳрванди Қирғизистон аз сӯи Тоҷикистон боздошт шуда, чаҳор нафар аз 2,5 то 5 сол маҳкум шудаанд.

Дар айни замон Додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистон – Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусовро бо гуноҳи “ҷиноят алайҳи сулҳ” ва “ғоратгарӣ” ба ҳабси абад маҳкум кард. Наздиконашон бо ҳукм розӣ нестанд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки бозбинии ҳукмро талаб доранд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970-980 километр сарҳад дошта, танҳо 519 километри онро таъину нишонагузорӣ кардаанд. Минтақаҳои номуайян ва баҳсӣ дар марз пайваста боиси ҷанҷолу тирпаронӣ мешавад.

Бар асари задухӯрд дар охири моҳи апрели имсол дар сарҳад 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва 87 нафар захмӣ шуданд. Қирғизистон дар бораи кушта шудани 36 нафар (аз ҷумла ду кӯдак) ва захмӣ шудани 154 кас хабар дод.

Робитаҳои Душанбеву Бишкек дар ҳоли ҳозир сарду печида мемонад. Қирғизистон марзашро ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон бастааст ва ду кишвар барои боздошт ва истирдоди шаҳрвандони якдигар дар кишвари севум, Русия, часпу талош доранд.

Ҳушдори НАТО ба Маскав дар мавриди ҳамлаи эҳтимолии Русия ба Украина

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО бо Владимир Зеленский, раиси ҷумҳурии Украина. Акс аз моҳи сентябри 2021

НАТО ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи ҳамлаи эҳтимолии Русия бар ҳамсояаш – Украина – ҳушдор доданд.

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО, рӯзи 26-уми ноябр ба хабарнигорон гуфт, Русия барои омодагӣ ба ҳамла дар марзҳои Украина сарбозу тонк, силоҳҳои вазнин ва муҳиммот ҷобаҷо кардааст.

Вай ҳушдор дод, ки истифода аз нерӯ ба зидди Украина барои Русия хеле гарон тамом шуда, ин кишварро бо пайомадҳои ногуворе рӯбарӯ хоҳад кард.

Ҳамзамон муовини вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзи ҷумъа гуфтааст, дар натиҷаи афзоиши танишҳо, агар НАТО маҷбур ба вокуниш шавад, "дар он сурат ба ҳар гузина ё интихоб омодагӣ дорад".

Қарор аст, нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви НАТО рӯзи 30-юми ноябр дар шаҳри Рига, пойтахти Латвия, баргузор шавад. Ҳаракатҳои Русия алайҳи Украина яке аз мавзуъҳои асосии нишаст хоҳад буд.

Ироқ гуфт, шаҳрвандони бандмондаашро аз Беларус мебарад

Муҳоҷирони бандмонда дар марзи Беларус ва Полша. Акс аз 8-уми ноябри 2021

Ироқ барои бурдани беш аз 800 шаҳрванди бандмондааш дар марзи Беларус ва Лаҳистон (Полша) ҳавопаймо мефиристад.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ироқ рӯзи 26-уми ноябр гуфт, пештар наздик ба як ҳазор муҳоҷири ироқиро ба хона бозгардонда буданд, ки аксари онҳо курдҳо ҳастанд. Вай афзуд, 861 муҳоҷири дигар ба он кишвар бурда хоҳанд шуд.

Дар ҷараёни таниш миёни Беларус ва Иттиҳоди Аврупо ҳазорон муҳоҷир аз Ховари Миёна дар ҳавои сард дар хаймаҳо дар Беларус ба сар мебаранд.

Иттиҳоди Аврупо ҳукумати Беларус ба раҳбарии Александр Лукашенкоро муттаҳам мекунад, ки барои қасосгирӣ аз таҳримҳои ин Иттиҳод муҳоҷиронро асосан аз Ховари Миёна ба марзҳои Полша, Латвия ва Литва мефиристад. Иддаое, ки Минск рад кардааст.

Иттиҳоди Аврупо дар вокуниш ба саркӯби мухолифин дар бештар аз як соли охир дар Минск бар зидди Беларус ва шахсиятҳои алоҳидаи он кишвар таҳрим ҷорӣ кард.

Амрико вуруди мусофиронро аз Африқои Ҷанубӣ маҳдуд кард

Акс аз бойгонӣ

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо нигаронӣ аз паҳншавии навъи ҷадиди коронавирус вуруди одамонро аз Африқои Ҷанубӣ маҳдуд кардааст.

Иқдоми Кохи Сафед рӯзи 26-уми ноябр эълон шуд. Президент Ҷо Байден гуфт, ин чораи эҳтиётӣ аст.

Чанде аз кишварҳои дигари ҷаҳон, аз ҷумла Канада, Русия, Бразилия, Бритониё, Туркия ва Австралия, низ вуруди афрод аз кишварҳои ҷануби Африқоро манъ кардаанд.

Кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо мувофиқа кардаанд, ки парвозҳоро аз ҳафт кишвари африқоӣ бозмедоранд. Ин дар ҳолест, ки Белгия, узви Иттиҳоди Аврупо, аллакай дар бораи як мавриди гирифторӣ ба навъи ҷадиди вирус хабар додааст.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ навъи нави коронавирусро дар баландтарин сатҳи нигаронии худ қарор додааст. Созмон мегӯяд, ҳолати аввалини сирояти вируси нав 9-уми ноябр дар Африқои Ҷанубӣ шиносоӣ шуд.

Қазияи Хоруғ. Тазоҳурот ва ҷанҷоли ҷавонон дар назди дафтари СММ дар Душанбе. АКС, ВИДЕО

Назди Дафтари СММ дар Душанбе, 27-уми ноябри 2021

Як гурӯҳ аз ҷавононе, ки шумораашон ба тақрибан 70-80 нафар мерасид ва зоҳиран "давлатӣ" буданд, рӯзи 27-уми ноябр дар пайванд ба ҳодисаҳои Хоруғ дар назди дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе ҷамъ омаданд. Онҳо бо нидо ва навиштаҳои "Бадахшон як пораи Тоҷикистон аст" ва "Ҷинояткорон бояд ҷазо гиранд" шиор медоданд ва дар даст акси панҷ корманди захмишудаи ниҳодҳои қудратӣ дар Бадахшонро доштанд.

Наворро дар инҷо бинед:

Тазоҳуроти "ҷанҷолӣ" дар назди дафтари СММ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:07 0:00

Шоҳидони айнӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷавонон дари дафтари Созмони Милалро бо лагад мезаданд, аммо мақомоти интизомӣ ба ҷараёни он дахолат надоштанд. Чанде аз наворбардорони касбӣ низ дар маҳалли ҳодиса мушоҳида шудаанд.

Дар ҳамин ҳангом як гуруҳи тақрибан даҳнафарии ҷавонони зодаи Бадахшон бо тазоҳургарон вориди баҳс шуда, чанде аз шиорҳои онҳоро гирифтаанд. Онҳо аз шеваи эътироз ва талабҳои, ба гуфтаашон, ноҷои тазоҳургарон норозиянд.

"Дар ҳамин вақт маъмурони милиса омада, аз ду тараф тақрибан бист ҷавонро ба мошин бор карда бурданд. Эътирозгарони дигар зуд пароканда шуданд," -- нақл кард яке аз шоҳидон.

Дар Тоҷикистон, ки ҳама арсаҳо зери назорати сахти мақомот қарор дорад, тазоҳуроти беиҷоза мамнуъ аст. Айни гирдиҳамоиҳо дар гузашта дар назди қароргоҳи Созмони Амниятва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, сафорати Амрико, Созмони Милал ва сафорати Эрон дар Душанбе сурат гирифтааст.

Чунин гирдиҳамоиҳо асосан дар пайванд ба мавзуъҳои мухолифин ва мудофеони ҳуқуқи башар анҷом шуда, иштирокдоронаш дар гузашта як гуруҳ аз занону мардон ва ҷавонони гуруҳи "Авангард", созмони зери назорати мақомоти умури дохилӣ, буданд.

Он вақт бисёриҳо чунин гирдиҳамоиҳоро "саҳнасозии мақомоти расмӣ” медонистанд, чун мақомот ҳеч вақт ба баргузории пикету эътирозҳо дар кишвар иҷозат надодаанд. Мақомот ҳамвора эътирозҳоро "худҷӯш" номидаанд.

Тазоҳуроти рӯзи 27-уми ноябр дар назди дафтари Созмони Милал дар ҳоле баргузор шуд, ки аз ҳодисаҳои Хоруғ се рӯз мегузарад, вале мақомоти Тоҷикистон ба ҷуз як хабарномаи расмӣ шарҳи дигаре надодаанд. Дар замоне ки ҳукумати марказиву маҳаллӣ ва мақомоти қудративу интизомӣ хомӯшанд, Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи шанбе дар баёнияе гуфт, "мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ниҳодҳои қудратии дахлдор барои ҳалли ин қазия талош доранд."

Сокинони Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа рӯзи 25-уми ноябр баъди он эътироз карданд, ки ба гуфтаи онҳо Гулбиддин Зиёбекови 29-сола қасдан кушта шудааст. Додситонии вилояти Бадахшон мегӯяд, ӯ дар кофтукоб буд ва ҳангоми амалиёти боздошт муқобилият нишон доду захмӣ шуд. Мардуми норозӣ дар Хоруғ ба ин фарзия бовар надоранд ва муҷозоти сабабгорони марги Зиёбековро талаб доранд.

Аз тариқи Тоҷикистон ба Бадахшони Афғонистон орд мефиристанд

Акс аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Нахустин кӯмакҳои башардӯстона аз тариқи хоки Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол меёбад. Ин ёриҳо аз 2500 тонна орд иборат аст ва аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ба мардуми Афғонистон дода мешавад.

Бино ба иттилои Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ, кӯмаки мазкур ба минтақаи Бадахшони Афғонистон тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон интиқол дода мешавад.

“Дар ҳоли ҳозир ҳеҷ як созмон ва давлати кӯмакрасон ба минтақаҳои мазкури Афғонистон дастрасӣ надоранд. Бинобар ин Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки қаламрави худро барои интиқоли ин гуна мавод пешниҳод намояд,”-омадааст дар хабарномаи вазорат.

Кӯмакҳои башардӯстона дар ҳоле ба Афғонистон интиқол меёбанд, ки вазъи мардум дар ин кишвар баъди ба қудрат расидани Толибон бамаротиб вазнинтар шудааст. Созмонҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, аксари аҳолии Афғонистон феълан ба кӯмакҳои башардӯстона ниёз доранд.

Толибон аз нимаи моҳи август қудрат дар Афғонистонро ба даст гирифтаанд, вале то ҳол ҳеч кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст. Созмонҳои ҷаҳонӣ аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, бидуни ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон ба мардуми Афғонистон кӯмак мекунанд.

Президенти Қирғизистон дастур дод, барои 110 ҳазор хонавода қимати барқ арзон шавад

Содир Ҷабборов

Дар Қирғизистон, мумкин аст, аз 1-уми январ арзиши неруи барқ барои хонаводаҳои камбизоат аз 77 тийини ҳозира барои ҳар киловат соат то ба 50 тийин пойин оварда шавад.

Дар ин бора Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон дар ҷаласаи рӯзи 26-уми ноябр ба ҳукумати кишвараш дастур дод. Ин дар ҳолест, ки Ҷабборов пештар гуфта буд, бидуни боло бурдани нархи барқ наметавон соҳаи энержиро рушд дод ва вай ҷонибдорони арзон кардани қимати неруи барқро ба авомфиребӣ гунаҳкор карда буд.

"Бояд ба хонаводаҳои камбизоат таваҷҷуҳи бештар равона карда шавад. Ҳама чиз қимат шуд, мо 110 ҳазору 518 хонаводаи камбизоат дорем, ки бояд кумаку пуштибонӣ бинанд. Мушкилии ин хонаводаҳо бештар аз дигарон аст. Агар ҳар кадом хонавода 5 узв дошта бошад, пас, онҳо бештар аз 500 ҳазор ҳастанд. Аз ҳамин хотир, биёед аз 1-уми январ қимати неруи барқи онҳоро пойин барем", - муроҷиат кард Ҷабборов ба намояндагони вазорати энержии кишвараш.

Дастури пойин овардани қимати неруи барқ дар ҳолест, ки дар Қирғизистон камбуди ҷиддии нерӯи барқ мушоҳида мешавад. Мақомоти энержии Қирғизистон аз сокинон даъват доранд, ки дар истифодаи неруи барқ сарфакор бошанд.

Идомаи эътирозҳо дар Хоруғ. Манбаъ: "Музокирот бенатиҷа поён ёфт" ВИДЕО

Шаҳри Хоруғ

Музокироти намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомот дар мавриди ҳодисаҳои ду рӯзи охир дар шаҳри Хоруғ шоми 26-уми ноябр ба поён расидааст.

Як узви гурӯҳи корӣ ба шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "музокирот бенатиҷа анҷом шуд." Мақомот дар бораи музокирот ва натиҷаҳои он ба таври расмӣ чизе нагуфтанд.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, дар нишаст сардори Раёсати корҳои дохилии Суғд Абдулло Навҷувонов, вазири энергетика Далер Ҷумъа ва вакили Маҷлиси Намояндагон аз ВМКБ Азиз Гиёев иштирок доранд. Гуфта мешавад, мехоҳанд, ба раванди музокирот раиси пешини ВМКБ Ёдгор Файзовро низ ҷалб кунанд.

"Эътирозгарон талаб карданд, ки баргузории гирдиҳамоӣ расмӣ карда шавад, то дар оянда иштирокчиёни он таҳти таъқиб қарор нагиранд, вале пазируфта нашуд," -- гуфт мусоҳиби мо.

Аз он пештар Бахтовар Бахтиёров, яке аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ ва иштирокдори мулоқот, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз раиси вилоят, Алишер Мирзонаботов, хостаанд, ба назди эътирозгарон барояд, вале ӯ рад кардааст. Раиси вилоят ва мақомоти дигар барои шарҳи масъала то ин дам дастрас нестанд.

Идомаи эътироз дар Хоруғ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

Бахтиёров мегӯяд, рӯзи 25-уми ноябр низ бо Мирзонаботов мулоқот доштанд ва ӯ пешниҳоди бас кардани оташкушоиро ба тарафи мардум пазируфта буд. "Мирзонаботов дар назди мо ба милисаҳое, ки дар атрофи майдон буданд, занг зад ва гуфт, тиркушоӣ накунанд. Баъд аз он то кунун тиркушоӣ рух надодааст. Мо имрӯз мехоҳем, Интернет барқарор карда шуда, роҳи ҳалли мушкили пешомада ёфта шавад," – гуфт ӯ.

Бар илова сокинон хостаанд, посгоҳҳои назоратӣ дар шаҳри Хоруғ бардошта шаванд. Яке аз эътирозгарон рӯзи 26-уми ноябр дар майдони марказии Хоруғ гуфт: "Будани постгоҳҳо барои мардум хатар эҷод мекунанд. Аз ин роҳҳо хонандагони мактаб ва шаҳрвандони одӣ мегузаранд. Ҳар лаҳза эҳтимоли таниш ва тирпаронӣ вуҷуд дорад. Талаби мо ин аст, ки тамоми постгоҳҳоро бардоранд. Ин хатарҳои эҳтимолиро кам мекунад. Ин талаби қатъӣ аст."

Вай ҳамзамон афзуд: "Сокинон ҳеч вақт тарафдори нооромӣ набуданд ва нестанд, аммо ба ин нигоҳ накарда, мардумро бе ягон айбу гуноҳ дар хонаҳояшон паронда истодаанд. Чӣ гуна метавон дар ин вазъият орому хунсард монд? Ҳатман бояд касе ҷавоби ин ҷиноятро бидиҳад."

Садҳо нафар ду рӯз боз дар шаҳри Хоруғ ҷамъ омадаанд. Онҳо аз он эътироз доранд, ки Гулбиддин Зиёбеков, сокини 29-солаи ноҳияи Роштқалъа, ҳангоми амалиёти ниҳодҳои қудратӣ кушта шудааст.

Додситонии Бадахшон амалиётро тасдиқ кард, аммо дар баёнияи расмӣ танҳо захмӣ шудани Зиёбековро зикр намуд. Додситонӣ гуфт, Зиёбеков ва чанде аз ҳамроҳонаш бо гумони гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаву адовати миллӣ дар кофткоб буданд.

Рӯзи 26-уми ноябр дар бораи кушта шудани ду нафари дигар гузориш расид. Мақомот дар бораи захмӣ шудани 5 корманди ниҳодҳои қудратӣ хабар дода, дар бораи ҳалокшудагон иттилое надоданд.

Бахтовар Бахтиёр мегӯяд, "дар ҳоли ҳозир наздик ба чаҳор ҳазор нафар дар майдони марказии шаҳри Хоруғ ҷамъ шудаанд."Тасдиқи дурустии ин шумора феълан ғайриимкон аст.

Бино ба наворҳое, ки рӯзи 26-уми ноябр аз Хоруғ дастраси мо шуд, дида мешавад, дар назди тазоҳургарон ду тобут гузошта шудааст. Онҳо 25-уми ноябр тобути Гулбиддин Зиёбековро бо худ ба майдон оварда буданд.

Намуди нави COVID-19 дар Африқои Ҷанубӣ шиносоӣ шуд

Донишмандони Африқои Ҷанубӣ гуфтанд, ки як намуди нави вируси COVID-19-ро шиносоӣ карданд.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ин навъи нави вирусро назорат мекунад ва дар ин бора нишасти изтирорӣ баргузор хоҳад кард. Дар нишаст паҳншавии вируси нав баҳс мешавад.

Мариа Ван Керхове, масъули бахши техникии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар масъалаи коронавирус, дар як нишасти хабарии онлайн рӯзи 26-уми ноябр гуфт, "вақте гирифторони зиёд доред, метавонад, бар шеваи рафтори вирус таъсир бигузорад."

Ин намуди нави коронавирус аз ҳама бештар дар вилояти сераҳолии Гаутенг дар Африқои Ҷанубӣ, ки пойтахти ин кишвар низ шомили он мебошад, паҳн шудааст.

Профессор Тулио Де Оливейра, масъули маркази вокуниш дар баробари бемориҳои сироятӣ дар Африқои Ҷанубӣ навъи нави вируси COVID-19-ро нигаронкунанда ва фарқкунанда аз навъҳои дигари он хондааст.

Ҳукумати Бритониё эълон кард, ки аз 26-уми ноябр парвозҳоро аз Африқои Ҷанубӣ ва панҷ кишвари дигари африқоӣ манъ мекунад.

Ҳалокати 52 кас дар таркиши кон дар Русия

Акс аз соли 2018

Мансабдорони Русия расман эътироф карданд, ки дар натиҷаи садама дар яке аз конҳои минтақаи Кузбаси ин кишвар 52 нафар ҷон бохтаанд. 35 корманди кон ҳанӯз ҳам дар зери замин мебошанд, вале сарнавишти онҳо маълум нест.

Афсарони хадамоти наҷоти вилояти Кемеровои Русия иброз доштанд, ки 25-уми ноябр бар асари садама дар кони "Листвяжная" 45 корманди кон ва 6 афсари хадамоти изтирорӣ ҳалок шуднд.

Тибқи иттилои расида, рӯзи панҷшанбе дар ин кон таркиши метан ва баъд аз он сӯхтор ба вуқуъ пайваст. Он замон дар кон 285 нафар ҳузур доштанд.

Аксар кормандони кон аз ҷумла 11 қурбониро аз кон ба берун бароварданд. Кумитаи тафтишотии Русия бо иттиҳоми беэътиноӣ ба талаботи амниятии корхонаҳои саноатӣ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

Раиси кон ва чанд мақомдори дигар боздошт шудаанд.

Дар ду соли охир муфаттишон дар ин кон даҳҳо камбуди фанниву амниятӣ пайдо карда буданд.

Феълан бо ишора ба хатари таркиши метан амалиёти наҷот дар кон барои се рӯз боздошта шудааст. Дар минтақаи Кемеровои Русия ба ёди қурбониҳои фоҷеа рӯзи мотам эълон шуд.

Рӯзи дувуми тазоҳурот дар маркази Бадахшон. Талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мақомот. ВИДЕО

Шаҳри Хоруғ. Акс аз корбарон

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бори дуюм аз раиси вилоят, Алишер Мирзонаботов, хостаанд, ки ба назди эътирозгарон барояд.

Садҳо нафар ду рӯз боз дар шаҳри Хоруғ ҷамъ омадаанд. Онҳо эътироз доранд, ки Гулбиддин Зиёбеков, сокини 29-солаи ноҳияи Роштқалъа, ҳангоми амалиёти ниҳодҳои қудратӣ кушта шудааст. Додситонии Бадахшон амалиётро тасдиқ кард, аммо дар баёнияи расмӣ танҳо захмӣ шудани Зиёбековро зикр намуд.

Ба қавли намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар мулоқоти рӯзи 26-уми ноябр бо раиси вилояти Бадахшон, вазири энергетика Далер Ҷумъа, вакили порлумон Азиз Гиёев ва ду вакили маҳаллӣ аз ноҳияи Роштқалъа ҳузур доштанд.

Бахтовар Бахтиёров, яке аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ ва иштирокдори мулоқот, рӯзи 26-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Алишер Мирзонаботов дар ҳузури ҳама ба талабҳои мардум, хусусан барои мулоқот бо онҳо, ҷавоби рад дода, гуфтааст, "чунин салоҳиятро надорад". Раиси вилоят ва мақомоти дигар барои шарҳи масъала то ин дам дастрас нестанд.

Бахтиёров мегӯяд, рӯзи 25-уми ноябр низ бо Алишер Мирзонаботов мулоқот доштанд ва ӯ пешниҳоди бас кардани оташкушоиро ба тарафи мардум пазируфтааст. "Мирзонаботов дар назди мо ба милисаҳое, ки дар атрофи майдон буданд, занг зад ва гуфт, тиркушоӣ накунанд. Баъд аз он то кунун тиркушоӣ рух надодааст. Мо имрӯз мехоҳем, Интернет барқарор карда шуда, роҳи ҳалли мушкили пешомада ёфта шавад," – гуфт ӯ.

Наворро дар инҷо бинед:

Идомаи эътироз дар Хоруғ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба манобеи худ мегӯяд, раиси вилоят Алишер Мирзонаботов рӯзи панҷшанбе ба намояндагони эътирозгарон гуфтааст, дар бораи нақшаи боздошти Гулбиддин Зиёбеков хабар надошт, зеро бо сафари корӣ дар ноҳияи Мурғоб буд.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, раиси вилоят ваъда додааст, ки дар муддати 2-3 моҳи наздик тафтиши қазия ва ҳамчунин тирпаронӣ дар майдонро анҷом хоҳанд дод. Аммо намояндагони эътирозгарон талаб кардаанд, ки таҳқиқ дар рӯзҳои наздик анҷом шуда, омилони қатли Гулбидддин Зиёбеков ва тиркушоӣ ба сӯи тазоҳургарон боздошт ва муҷозот шаванд.

Додситонии вилояти Бадахшон мегӯяд, Зиёбеков ва чанде аз ҳамроҳонаш бо гумони гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаву адовати миллӣ дар кофткоб буданд.

Дар пайи кушта шудани Гулбиддин Зиёбекови 29-сола дар ноҳияи Роштқалъа, садҳо нафар ду рӯз боз дар назди бинои ҳукумати вилояти Бадахшон ҷамъ шудаанд. То ин дам дар бораи кушта шудани ду нафари дигар гузориш расидааст. Мақомот дар бораи захмӣ шудани 5 корманди ниҳодҳои қудратӣ хабар дода, дар бораи ҳалокшудагон чизе намегӯянд.

Бахтовар Бахтиёр мегӯяд, “дар ҳоли ҳозир наздик ба чаҳор ҳазор нафар дар майдони марказии шаҳри Хоруғ ҷамъ шудаанд.” Тасдиқи дурустии ин шумора феълан ғайриимкон аст.

Бино ба наворҳое, ки рӯзи 26-уми ноябр аз Хоруғ дастраси мо шуд, дида мешавад, дар назди тазоҳургарон ду тобут гузошта шудааст. Онҳо 25-уми ноябр тобути Гулбиддин Зиёбековро бо худ ба майдон оварда буданд.

15 касро дар Қирғизистон бо гумони "омодагӣ ба ғасби ҳукумат" дастгир карданд

Акс аз бойгонӣ

Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қирғизистон хабар дод, ки якҷо бо Вазорати корҳои дохилӣ аз фаъолияти гуруҳе пешгирӣ кардааст, ки ба ғасби худсаронаи ҳукумат дар он кишвар омодагӣ медид.

КДАМ гуфт, ин афрод нақша доштанд, "вазъи иҷтимоиву сиёсии кишварро баъди интихоботи порлумонӣ ба ҳам зада, ҳукуматро ғасб кунанд".

Дар робита ба ин ҳодиса КДАМ бо парвандаи "Омодагӣ ба ғасби худсаронаи ҳукумат" парванда кушодааст.

Тафтишот хабар медиҳад, "далелҳои раднашаванда"-е аз фаъолияти гуруҳи ҷиноӣ ба даст овардааст, ки миёни аъзои гуруҳи ҷиноӣ вакилони порлумон ва мансабдорони пешин низ ҳастанд.

"Муайян карда шуд, ки баъди эълони натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ, гуруҳи мазкур бо пуштибонӣ аз номзадҳое, ки дар интихобот пирӯз нашудаанд, дар ҳудуди шаҳри Бишкек гирдиҳамоӣ ташкил мекунад ва вазъро ноором карда, ҳукуматро ғасб менамояд", - хабар доданд аз КДАМ.

Барои ташкили гирдиҳамоӣ, ба иттилои мақомоти Қирғизистон, гуруҳи мазкур ҳазор касро киро карда, онҳоро омӯзиш додааст.

Рӯзи 26-уми ноябр КДАМ ва Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ҷойи зист ва биноҳои иҷораи фаъолони эҳтимолии гуруҳи мазкурро бозҷӯӣ ва асноду аслиҳа мусодира кардаанд.

Дар натиҷа 15 кас боздошт шудааст. КДАМ аз боздоштшудаҳо ва гумонбарон ном набурдааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG