Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти камсобиқа дар Беларус ба зидди муттаҳидшавӣ бо Русия. ВИДЕО


Садҳо нафар рӯзи 7 ва 8-уми декабр ба зидди нақшаи муттаҳидшавӣ ё ҳамоиши Беларус бо Русия дар Минск тазоҳурот карданд. Афроди норозӣ дар даст шиору парчами нахустини Беларуси мустақил ва Иттиҳоди Аврупоро доштанд. Ин бузургтарин тазоҳуроти бе иҷоза дар ин кишвари пасошӯравӣ аст. Бар асоси гузоришҳо, ба маъмурони пулис дастур шудааст, ки аз боздошти эътирозгарон худдорӣ варзанд.

Рӯзи аввали тазоҳурот (7-уми декабр) дар ҳоле сурат гирифт, ки раҳбарони Русияву Беларус дар остонаи бистумин солрӯзи "тавофуқномаи муттаҳидшавӣ"-и ин ду кишвар дар шаҳри Сочи мулоқот карданд.

Як эътирозгар ба хабаргузории "Ассошиайтед Пресс" гуфт, "мардум ба хиёбонҳо баромаданд, то дар баробари он чи ки муттаҳидшавӣ хонда мешавад, аммо ишғоли воқеӣ ва нодида гирифтани манфиатҳои Беларус ба назар мерасад, эътироз кунанд."

Видео аз ҷараёни эътироз:

Тазоҳуроти мардуми норозӣ дар Беларус
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00

Бар асоси тавофуқномаи муттаҳидшавӣ, ки дар соли 1999 байни Русияву Беларус имзо шуд, онҳо бояд кишвари воҳидро эҷод мекарданд, аммо бо гузашти ду даҳа ин тавофуқ ҳанӯз рӯйи коғаз мондааст.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 7-уми декабр дар остонаи солрӯзи ин тавофуқнома дар мулоқот бо раиси ҷумҳури Беларус гуфт, "умед дорам, ба талошҳои худ идома диҳем, то мардуми мо ягонагиро эҳсос кунанд. Ба ақидаи ман, ваҳдати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муҳимтар аз ҳама аст, то мардум аз фоидаҳои чашмгири ин муттаҳидшавӣ баҳравар шаванд."

Раиси ҷумҳури Беларус дар шаҳри Сочи ба хабарнигорон гуфт, вай хоҳони “шароити баробар дар муносибат бо Русия аст”. Александр Лукашенко дар мулоқот бо ҳамтои русаш гуфт, “воқеан, чизҳои зиёдро ҳосил кардаем, аммо ба андозаи кофӣ дар мавриди он суҳбат намекунем, ки бояд бикунем. Мо ба инҷо омадем, то ҷараёни ин тавофуқномаро баррасӣ ва таҳлил кунем. Мо хостори чизе нестем ва бар чизе ҳам исрор намекунем.”

Раҳбарони Русия ва Беларус
Раҳбарони Русия ва Беларус

Ҳукумати Беларус ба газ ва ёрии панҷмиллиарддолларии Русия вобаста аст. Маскав болои Минск фишор меоварад, то ҷараёни муттаҳидшавии низомӣ ва иқтисодӣ бо Русияро тезонад.

Ин дар ҳолест, ки баъди як давраи сард, равобити байни Беларусу Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли беҳбуд аст. Ин ду кишвар рӯзи 17-уми сентябри имсол эълом карданд, ки мехоҳанд баъд аз як танаффуси 11-сола мизбонии сафирони якдигарро аз сар гиранд.

Равобити Чину Беларус низ беҳтар шудааст. Моҳи сентябр бонки Чин ба Беларус 500 миллион доллар қарз ҷудо кард.

Назари мардум дар бораи муттаҳидшавӣ бо Русия:

Дар бораи муттаҳидшавии Беларус бо Русия чӣ назар доред?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:05 0:00

XS
SM
MD
LG