Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Амрико бо Толибон дубора оғоз шуд


Акс аз музокирот миёни Амрико ва гуруҳи Толибон дар Қатар дар моҳи марти соли 2019
Акс аз музокирот миёни Амрико ва гуруҳи Толибон дар Қатар дар моҳи марти соли 2019

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки раванди тозаи гуфтугӯҳо миёни Амрико ва Толибон дар Қатар идомаи музокироти пешини байни ду тараф нест.

Вазорати давлат дар умури сулҳи Афғонистон мегӯяд, ки санади қаблии музокирот миёни Амрико ва Толибон дар мавриди сулҳ бекор шудааст.

Сухангӯи ин вазорат рӯзи шанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин даври музокирот “миёни ду тараф рӯи оташбас ва махфигоҳҳои Толибон дар Покистон тамаркузи бештар сурат мегирад.”

Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон ва ҳайати Толибон 6-уми декабр гуфтушуниди сулҳро оғоз карданд.

Вазорати давлат дар умури сулҳ мегӯяд, бо бекор шудани санади қаблӣ миёни Амрико ва Толибон дар мавриди сулҳ ҳоло миёни ду тараф марҳилаи тозаи гуфтугӯҳо дар Қатар оғоз шудааст.

Ноҷия Анварӣ, сухангӯи ин вазорат рӯзи 6-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пешрафтҳо дар чанд даври музокирот миёни Амрико ва Толибон, ки аз ҷониби Доналд Трамп се моҳ пеш қатъ шуд, пазиро нестанд.

Ба гуфтаи хонум Анварӣ, оташбас ва махфигоҳҳои Толибон дар Покистон аввалин мавриди баҳс дар марҳилаи тозаи гуфтугӯҳо хоҳад буд.

Ӯ гуфт: “Пеш аз баргузории нишаст нахуст бояд дар бораи мавзуи оташбас ва махфигоҳҳои Толибон дар Покистон баҳс шавад. Гуфтугӯҳо дар Қатар ба гунае оғоз мешавад, ки санад ва пешрафтҳои қаблӣ ботил буда ва қобили қабул намебошад. Бар асоси санади қаблӣ музокира сурат намегирад, яъне гуфтугӯҳое, ки анҷом мешавад, ба гунае аст, ки ҳама чиз аз нав аст.”

Гуфтугӯҳои сулҳ миёни Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон ва Толибон рӯзи шанбе дар Доҳа, пойтахти Қатар, оғоз шуд.

Халилзод пеш аз он ки музокироти сулҳ бо Толибонро дар Қатар оғоз кунад, бо мақомҳо ва чеҳраҳои сиёсии афғон дар Кобул гуфтугӯҳои густардаеро анҷом дод.

Дар ҳамин ҳол як манбаъ аз гурӯҳи Толибон, ки бо сабаби ҳасосияти мавзӯъ хост аз ӯ ном гирифта нашавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки музокирот миёни Амрико ва Толибон дар Қатар аз он ҷое, ки қатъ шуда буд, сар шудааст.

Муҳаммад Амин, як узви Шӯрои сулҳи Афғонистон мегӯяд, мумкин созишномаи нав миёни Амрико ва Толибон ба зудӣ имзо шавад.

Ӯ гуфт, аз рӯи оне, ки Толибон ба созиш майл доранд, эҳтимол ин созишнома дар зарфи як ҳафта ё даҳ рӯз ба имзо расад.

Гуфтугӯҳо миёни Амрико ва Толибон се моҳ пеш дар пайи ҳамлаи интиҳорӣ, ки дар Кобул анҷом шуд ва Толибон масъулияти онро пазируфтанд, аз сӯи Доналд Трамп, президенти Амрико якҷониба қатъ шуда буд.

Аммо Толибон гуфта буданд, ки бояд раванди музокирот дубора оғоз шавад.

Доираҳои сиёсии Афғонистон низ борҳо гуфтаанд, ки музокирот ягона роҳи сулҳ дар Афғонистон аст ва бояд дар ин музокирот давлати Афғонистон низ иштирок кунад.

XS
SM
MD
LG