Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Украина ба суханҳои президенти Қазоқистон дар бораи Қрим


Вазорати умури хориҷии Украина дар робита ба изҳороти ахири президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, ки гуфт, "Русия нимҷазираи Қримро ғасб накардааст", шадидан изҳори нигаронӣ кард. Дар изҳороти намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Украина Екатерина Зеленко омадааст, ки барои ҷониби Қазоқистон низ "изҳороти ҳамсон" нашр хоҳад шуд.

"Усули эътимоди дуҷониба, эҳтироми истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии марзҳо, баробарӣ ва дахолат накардан ба умури дохилии якдигар, инчунин риояи қатъии меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ асоси муносибатҳои байнидавлатии Украина ва Қазоқистон аст",-зикр шудааст дар изҳороти Зеленко.

Ёдрас мешавем, президенти Қазоқистон рӯзи 4 декабр дар мусоҳиба бо Deutsche Welle гуфт, ҳаводиси моҳи марти соли 2014-ро, ки дар Қрим гузашт, ғасбкорӣ намеҳисобад. "Мо он чиро ки дар Қрим гузашт, ғасбкорӣ намеҳисобем. Он чи ки гузашт, гузашт. Ғасбкорӣ - дар нисбати Қрим таъбири тундтар аст", - гуфт Тоқаев.

Вай ҳамчунин дар посух ба суоли ин ки оё Қазоқистон аз ҳаводиси дар Украина рух дода тарс хӯрдааст, гуфт, ҳеч тарсе мавҷуд нест. "Мо бо Русия муносиботи комилан боэътимод ва ҳусни ҳамсоядорӣ дорем. Аз ҳамон оғоз мо ба хирад ва наҷобати роҳбарияти Русия бовар доштем", - афзуд Тоқаев.

Русия Қримро дар моҳи марти соли 2014 дар натиҷаи ба ном "раъйпурсӣ" ғасб кард. Дар ин раъйпурсӣ ба ҷонибдорӣ аз пайвастан ба Русия 96,77 дарсади сокинони Қрим ва 95,6 дарсади сокинони Севастопол овоз доданд.

Созмонҳои байналхалқӣ ғасби Қримро ғайриқонунӣ баҳо ва амалкарди Русияро маҳкум карданд. Кишварҳои ғарбӣ зидди Русия таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ намуданд. Украина ҳамоно Қримро ҳудуди худ меҳисобад, ки муваққатан ғасб шудааст.

XS
SM
MD
LG