Маркази мониторинги риояи ҳуқуқи инсон дар Сурия мегӯяд, 2 декабр дар натиҷаи зарбаҳои нерӯҳои ҳавоии Русия ва ҳукумати ин кишвар дар вилояти Идлиб дасти кам 15 сокини осоишта кушта шудааст.
Бино ба иттилои марказ, дар бомборони бозори шаҳри Мааррат Ан-Нуъмони Сурия 13 кас ҷон бохта, 18 тани дигар захмӣ шудаанд. Вилояти Идлиб бо Туркия ҳаммарз аст ва нерӯҳои мухолифи Сурия маҳз дар ин минтақа ҷамъ омадаанд. Як тан дар Саракебиӣ ва як тани дигар дар маҳаллаи Ас-Сарман, дар наздикии Мааррат Ан-Нуъмон кушта шуданд.
Раҳбари марказ Ромӣ Абдураҳмон хабар дод, ки ҳавопаймоҳои Русия дигар маҳаллаҳоро ҳам бомборон карданд.
Тайи ҷанги шаҳрвандии чандинсолаи Сурия Русия аз президенти ин кишвар Башор Асад ҳимоят мекунад. Ин ҷанг дар пайи саркӯби эътирозҳои зиддиҳукуматии моҳи марти соли 2011 оғоз шуд.