Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин раҳбари пешини Шинҷонро ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард


Додгоҳе дар Чин мансабдори пешини баландпояи ӯйғур Нур Бекриро бо ҷурми порагирӣ ба ҳабси абад маҳкум кард. Расонаҳои давлатии Чин 2 декабр хабар доданд, ки Бекрӣ дар рафти мурофиаҳои додгоҳӣ гуноҳро ба гардан гирифтааст.

Зидди Нур Бекрӣ, ки замоне яке аз мансабдорони баландпояи ӯйғур дар Чин шумурда мешуд, моҳи сентябри соли равон тафтишот оғоз шуд. Ӯ Раёсати милли энержиро раҳбарӣ карда, то соли гузашта муовини сардори Идораи марказии банақшагирии Чин буд. Солҳои 2008-2014 раҳбари минтақаи худмухтори Чин - Шинҷон буд.

Бекрӣ дар ҳоле зиндонӣ шуд, ки ҷомеаи байналмилалӣ Пекинро барои сиёсати пешгирифтааш зидди ақалиятҳои ӯйғур дар Шинҷон шадидан танқид мекунад.

XS
SM
MD
LG