Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози сокинон аз полоишгоҳи нави корхонаи тило дар Панҷакент


Ин аксро сокинони Хумгарон фиристоданд. Ҷое, ки қарор аст полоишгоҳ сохта шавад

Оғози сохтмони боз як полоишгоҳи тилои "Зарафшон", корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин, сокинони деҳаи Хумгарони Панҷакентро, ки дар наздикии он зиндагӣ мекунанд, ба ташвиш овардааст. Мардум мегӯянд, полоишгоҳ ба муҳити атроф таъсири бад дорад ва эҳтимол онҳоро аз замини кишту чарогоҳ маҳрум намояд. Мақомоти корхона гуфтанд, шикояти сокинон беасос аст.

Дар деҳаи Хумгарон беш аз ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Сохтмони полоишгоҳ ҳафтае пеш дар мавзеи Сойи Ёрони Хумгарон шуруъ ва баъд аз даъвои сокинон муваққатан боздошта шудааст.

Ориф Салимсоқов, иҷрокунандаи вазифаи муовини мудири корхонаи "Зарафшон", рӯзи 2-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, бунёди полоишгоҳ набояд мояи нигаронии сокинон шавад. Ба қавли ӯ, онҳо ҳама суду зиёни тарҳро баркашидаанд.

"Тамоми санадҳои меъёриву ҳуқуқиро дорем ва бе санадҳои расмӣ кор карда наметавонем. Ниҳодҳо ин масъаларо баррасӣ кардаанд, марҳила ба марҳила месозем," -- шарҳ дод ӯ.

Ин масъули корхонаи "Зарафшон" гуфт, боқимондаҳои коркарди маъдан ба воситаи лӯлаҳо дар ҷойҳои махсус ҷамъ мешаванд ва "ба ҳамин далел ба муҳити атроф зарар нахоҳанд расонд".

Масъулони корхона гуфтанд, бо зиёд шудани иқтидори истеҳсолӣ зарурати бунёди полоишгоҳ ба миён омадааст, вале дақиқ нагуфтанд, ки иқтидори истеҳсолии корхона чӣ қадар афзоиш ёфтааст.

Ҳафтаи гузашта сокинони деҳаи Хумгарон ба Радиои Озодӣ наворе фиристоданд, ки ба қавли онҳо, аз макони сохтмони полоишгоҳ бардошта шудааст. Дар ин навор мошинҳои бузург намоён аст ва даъвои лафзии чанд зан бо сохтмончиён низ мушоҳида мешавад, ки зидди бунёди полишгоҳ ҳарф мезананд ва назди онҳо омадани сардори сохтмонро талаб мекунанд.

Умеда Раҷабова, сокини деҳаи Хумгарони Панҷакент, рӯзи 2-юми декабр гуфт, баъд аз пофишориҳои зиёди онҳо сохтмони полоишгоҳ муваққатан боздошта шудааст. "Полоишгоҳе, ки сохтанӣ ҳастанд, ба хонаҳои мо хеле наздик аст. Дар поёни он чашмаҳо аст ва аз он ҷо об менӯшем. Чаро ин паҳлуи масъаларо фикр намекунанд?" -- суол гузошт ӯ.

Рӯзи 2-юми декабр намояндагони ҳукумати шаҳри Панҷакент ҳамроҳ бо раҳбарияти корхонаи "Зарафшон" бо сокинони маҳаллӣ мулоқот кардаанд, аммо тавре сокинон гуфтанд, дар ин дидор низ масъалаи сохтмони полоишгоҳ ҳалли ниҳоии худро наёфтааст.

Худойбердӣ Зоиров, сокини ҷамоати Косатарош, гуфт, мақомот талаби онҳоро қабул накардаанд: "Мо гуфтем, полоишгоҳро насозед. Агар месозед, моро ба ҷойи дигар кӯчонед. Дар ҷавоб гуфтанд, ки замин моликияти давлат аст ва ба сохтмони полоишгоҳ иҷоза дода шудааст. Замине, ки полоишгоҳ месозанд, қариб 10 гектарро ташкил медиҳад. Мо дар куҷо кишт кунем?"

Муродҷон Пӯлодов, як масъули бахши Идораи ҳифзи муҳити зисти Панҷакент, ба Радиои Озодӣ гуфт, корхонаи "Зарафшон" барои бунёди полоишгоҳ хулосаи ташхиси зистмуҳитиро гирифтааст. Вай гуфт, макони полоишгоҳ беш аз 500 метр аз маҳалли зисти сокинон дур аст.

"Бар асоси хулосаи Кумитаи замин, ҷойи сохтмони полоишгоҳ заминҳои ғайрикишоварзӣ аст. Меъёрҳои экологӣ ба назар гирифта шудааст, зери полоишгоҳро маҳкам мекунанд, то обаш наравад, ба ифлосшавӣ роҳ дода нашавад," -- афзуд ӯ.

Ҳарчанд масъулони бахши экологӣ ва раҳбарияти корхонаи "Зарафшон" бо сохта шудани полоишгоҳ вуҷуди ҳар гуна хатарро ба муҳити зист рад мекунанд, сокинон мегӯянд, то кунун зарари ду полоишгоҳи ин корхонаро дидаанд ва барои ҳамин тарсашон беасос нест. Онҳо мегӯянд, дар полоишгоҳҳои пешинаи корхона маводи кимиёӣ дар фазои боз гузошта мешавад ва он гоҳо ба обҳои атроф ҳамроҳ мешавад. Ҳамчунин ҳаво бӯйи ғализ дошта, ниҳолу буттаҳо дар наздикии он хушкидаанд.

Бунёди як полоишгоҳи нав дар ин деҳа дар ҳоле сурат мегирад, ки коршиносони умури экологӣ борҳо аз таъсири бади наздик будани ҳар гуна партовгоҳу полоишгоҳҳои корхонаҳои саноатӣ ба маҳалли зисти сокинон ҳушдор додаанд.

Ба қавли таҳлилгарон, корхонаҳо қабл аз манфиатҳои иқтисодӣ, бояд андешаи саломатии сокинонро низ кунанд. Бархе аз онҳо мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон дар баробари корхонаҳои Чин, ки аз сармоягузорони асосии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, дар масоили ҳифзи муҳити зист сахтгирии заруриро надоранд.

Шарҳҳоро бинед (18)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG