Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Озарбойҷон пароканда шуд


2 декабр, ҷаласаи парлумони Озарбойҷон
2 декабр, ҷаласаи парлумони Озарбойҷон

Маҷлиси миллии Озарбойҷон, ки аксари аъзояш намояндагони ҳизби ҳокими “Озарбойҷони нав” мебошанд, бо пешниҳоди пароканда кардани парлумон мувофиқат карда, аз президент Илҳом Алиев хост, ки интихоботи сартосарии пеш аз мӯҳлатро даъват кунад.

Ҳамонгуна, ки интизор мерафт, аъзои парлумон бо раъйи оро, яъне 99 сади тарафдор, як садои мухолиф ва як ғоиб сиёсати Алиев барои баргузории ислоҳот ва тағйироти кадриро ҷонибдорӣ карданд.
Мақомот гуфтанд, ки раъйгирии пеш аз мӯҳлат ба навсозии кори парлумони Озарбойҷон ва ҳам суръат бахшидан ба ислоҳоти иқтисодӣ мусоидат мекунад. Президенти Озарбойҷон ҳақи пароканда кардани парлумон ва даъвати интихоботи пеш аз мӯҳлатро дорад. Бар асоси қонун, раъйгирӣ барои интихоботи аъзои нави парлумон қарор аст дар се моҳи баъди пароканда шудани маҷлиси пешин баргузор шавад.

Соли 2015 ҳизби “Озарбойҷони нав” худро ғолиби интихобот эълон кард, вале аксари аҳзоби сиёсии мухолифин натиҷаҳои ин овоздиҳиро бойкот карданд. Илҳом Алиев аз соли 2003, замони даргузашти падари президенташ Ҳайдар Алиев раҳбарии ин кишвари дорои 10 миллион ҷамъият ва ғанӣ аз нафтро ба ӯҳда дорад.

Вале бо вуҷуди захираҳои ҳангуфти энержиаш, чанд соли ахир ин кишвар дучори мушкилоти иқтисодӣ шудааст. Сокинон аз беқурбшавии пул, болоравии нархҳо ва бекорӣ азият мешаванд. Алиев бо назардошти ин мушкилот октябри соли 2019 собиқ ёвари президент Алӣ Асадовро ба мақоми нахуствазири кишвар таъйин кард.

XS
SM
MD
LG