Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ва Ҷинпин тарҳи пурдабдабаи гази табииро ифтитоҳ карданд


Путин дар расми ифтитоҳи тарҳи нави лӯлаи газ тавассути тамоси телевизионӣ иштирок кард

Рӯзи 2 декабр Русия як бозори нави азими гази табиӣ дар хориҷи кишварро аз роҳи ифтитоҳи лӯлаи нави сеҳазоркилометрӣ бо номи рамзии “Нирӯи Сибир” ба роҳ монд. Президенти Русия Владимир Путин дар расми ифтитоҳи тарҳи нав рӯзи 2 декабр гуфт, "Имрӯз як рӯзи таърихӣ аст ва на танҳо барои бозории ҷаҳонии энержӣ, балки пеш аз ҳама барои шумо ва мо, Русия ва Чин”.

Путин ва раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин тавассути тамоси ҳамзамони телевизионӣ дар расми ифтитоҳи тарҳи пурдабдаба иштирок карданд. Гази табиӣ аз майдонҳои Сибир истихроҷ шуда, тавассути лӯлаҳо ба самти Шарқи Дур мерасад, аз он ҷо вориди хоки Чин шуда, ба Ҳейлунтзян ва баъдан марказҳои гандумпарвари Тзилин ва Ляонин меравад. “Ин лӯла ба ҳайси намунаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни кишварҳои мо хидмат мекунад”, гуфт президенти Чин ва афзуд, ки рушди ҳамкориҳои Чину Русия “дар авлавияти сиёсати стратегии кишварҳои мо аст ва хоҳанд монд”.

Ин нахустин бор аст, ки Чин ба дарёфти гази табиии ҳамсояи шимолии худ муваффақ ва аз ин роҳ ба бозори азимтарини содиротии Русия табдил мешавад. Қарор аст то соли 2025 иқтидори солонаи истеҳсоли газ дар чаҳорчӯби ин тарҳ 38 миллиард метри кубӣ дар солро ташкил диҳад. Гази табиӣ аз майдонҳои Сибир истихроҷ шуда, тавассути лӯлаҳо ба самти Шарқи Дур мерасад, аз он ҷо вориди хоки Чин шуда, ба Ҳейлунтзян ва баъдан марказҳои гандумпарвари Тзилин ва Ляонин меравад. Қарордоде бо 400 миллиард доллар арзиш барои 30 сол дар миёни Газпром ва ширкати давлатии CNPC ё Корпоратсияи миллии нафти Чин баста шудааст. Ҳеҷ як ҷониб нархи гази фурӯширо фош намекунад.

XS
SM
MD
LG