Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КДАМ ду хабарнигори "Озодӣ"-ро дар Қирғизистон ба бозпурсӣ даъват кард


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) ду хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ - Муҳаммадалӣ Токтакунов ва Идрис Исҳоқовро ба бозпурсӣ даъват кард.

Токтакунов дар бахши қирғизии Озодӣ дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чех фаъолият мекунад. Исҳоқов барои таҷрибаомӯзӣ низ ба Прага рафтааст.

Радиои Озодӣ омода аст, дар мавриди таҳқиқоти пурсарусадои рӯзноманигорӣ бо мақомоти қудратии Қирғизистон ҳамкорӣ кунад. Рӯзноманигорон омода аст, ба суоли тафтишот тариқи видео посух диҳанд.

Дар таҳқиқоти рӯзноманигорие, ки моҳи майи соли 2019 нашр шуд, хабар дода шудааст, ки бо ширкати соҳибкори чинӣ Айеркен Саймаитӣ тариқи роҳҳои шубҳаовар аз Қирғизистон ба хориҷ дар маҷмуъ 700 млн доллар бурда шудааст.

Қисми дувуми таҳқиқот 21 ноябри соли ҷорӣ нашр шуд ва дар қисми дувум Айеркен Саймаитӣ ҳуҷҷатҳои марбут ба интиқоли маблағҳоро дар ихтиёри хабарнигорон гузошт. Тоҷир нақл кард, ки дар хориҷ бурдани маблағҳо муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Раимбек Матраимов даст дорад.

Пештар аз ин Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ (пулиси молӣ) хабар дод, ки дар маҷмуъ тавассути марзи Қирғизистон 932 миллиону 736 ҳазор доллар ба хориҷ бурда шудааст.

Раимбек Матраимов, муовини пешини раиси Хадамоти гумрук гуфт, омода аст, бо тафтишот ҳамкорӣ кунад. Вай ҳамчунин афзуд, иттилои дар таҳқиқот зикршуда ҳақиқат надорад.

Матраимов рӯзи 29 ноябр ба бозпурсии КДАМ даъват шуда буд. Вай бештар аз 5 соат бозпурсӣ шуд, аммо баъди берун омадан аз бозпурсӣ нахост, ба суолҳои рӯзноманигорон посух диҳад.

XS
SM
MD
LG