Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон дар тамринҳои Русияву Чин ширкат мекунад


Ҳусейн Хонзадӣ
Ҳусейн Хонзадӣ

Фармондеҳи нерӯҳои баҳрии Эрон тасдиқ кард, ки ин нерӯҳо дар тамринҳои муштараки Русияву Чин дар охири имсол ширкат меварзанд. Адмирал Ҳусейн Хонзадӣ, рӯзи 30-уми ноябр гуфт, тамринҳо рӯзи 22-уми декабр дар шимоли Уқёнуси Ҳинд оғоз меёбанд ва то 20-уми январ идома мекунанд.

Ӯ ҷойи дақиқи баргузории тамринҳои низомиро нагуфт, аммо бино ба гузоришҳо, нерӯҳои се кишвар дар Халиҷи Уммон бо ҳам тамрин мекунанд. Дар инҷо чанде пеш бо чанд киштии нафткаш ҳодисаҳое рух дод ва қарор аст, кишварҳои ғарбӣ муҳофизати чунин киштиҳоро шурӯъ кунанд ва ё аз ҳоло баъзе аз онҳоро ҳамроҳӣ мекунанд.

Хабаргузории “Тасним”- и Эрон аз қавли Ҳусейн Хонзадӣ навиштааст: “Ҳадаф аз тамринҳо таъмини амнияти муштарак ва мусоидат ба тақвияти амният дар шимоли Уқёнуси Ҳинд аст, ки онҷо ҳодисаҳои мухталиф аз ҷумла ҳамлаҳои роҳзанони баҳрӣ рух медиҳанд.”

Ду рӯз пештар аз ин хабаргузории “Меҳр” аз қавли Хонзадӣ навишт, ки тамринҳои низомӣ дар ояндаи наздик сурат мегиранд ва “паёме ба ҷаҳон хоҳад буд.” Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия рӯзи 2-уми октябр гуфт, ки се кишвар шеваҳои мубориза бо террор ва роҳзанони баҳриро тамрин мекунанд. Тамринҳои муштарак дар замоне доир мешаванд, ки таниш байни се кишвар ва Ғарб авҷ гирифтааст.

XS
SM
MD
LG