Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахтиёр Ҳамдамовро раиси нави Шӯрои ВАО интихоб карданд


Бахтиёр Ҳамдамов

Бахтиёр Ҳамдамов, сардабири “Минбари халқ”, нашрияи вобаста ба ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, раиси Шӯрои Васоити Ахбори Омма интихоб шуд. Тарафдорон мегӯянд, Ҳамдамов як нафари озодбаён аст. Мухолифон гуфтанд, бо ин интихоб мустақилӣ ва шаффофияти кори созмон аз байн рафт.

Интихоби Бахтиёр Ҳамдамов ба мақоми раиси Шӯрои ВАО рӯзи 29-уми ноябр дар Душанбе сурат гитифт. Вай дар ин мақом Шаҳло Акобироваро иваз кард. Акобирова, раиси созмони “Хома”, тайи ду соли ахир раҳбарии Шӯрои ВАО-ро ба дӯш дошт.

Шӯрои ВАО як созмони мустақили журналистист, ки соли 2009 ташкил шуда, дар баробари ҳимоят аз ҳаққи хабарнигорон муҳтавои матолиби нашрияҳоро аз нигоҳи мутобиқаташон ба Кодекси ахлоқи журналистӣ пайгирӣ мекунад.

Дар гузашта созмонро Иброҳим Усмонов, Зиннатуллоҳи Исмоил, Қироншоҳ Шарифзода, Нуриддин Қаршибоев ва Хуршеди Атовулло раҳбарӣ кардаанд.

То замони интихоби раҳбари нав, ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО баргузор шуд ва таҳияву қабули тавсияҳо ба хотири риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ аз масъалаҳои мавриди баҳс буд. Аз ҷумла, Қироншоҳ Шарифзода, мунаққиди расонаҳо гуфт, муҳаррирон бояд маводеро, ки мақомот барои нашр мефиристанд, таҳрир ва ибораҳои айбдоркунанда ва таҳқиркунандаро ислоҳ намоянд.

XS
SM
MD
LG