Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико сармоягузории НАТО-ро кам мекунад, Олмон бештар


Амрико сармоягузории НАТО-ро аз 22 дарсади кунунӣ то ба 16 дарсад мерасонад. Дар ин бора расонаҳои Ғарб бо истинод ба манобеи худ хабар медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, Олмон розӣ шудааст, ки баробар ба Амрико, яъне 16 дарсади буҷаи иттиҳоди низомиро пардохт кунад. То ин замон саҳми Берлин дар буҷаи иттиҳод 14,8 дарсадро ташкил медод.

Ба иттилои хабаргузории AFP, бештари кишварҳои аврупоӣ розӣ шудаанд, ки саҳмашонро дар буҷаи иттиҳод афзоиш диҳанд. Фаронса тасмим гирифтааст, саҳмашро дар сатҳи 10,5 дарсади пешин нигаҳ дорад.

Ҷузъиёти буҷаи иттиҳоди низомии НАТО дар ҷаласаи сарони ин иттиҳод рӯзҳои 3-4-уми декабр дар Лондон баррасӣ мешавад.

Пештар аз ин президенти Фаронса фаъолияти иттиҳоди низомиро танқид карда буд. Эммануэл Макрон, президенти Фаронса дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, НАТО дар ҳолати "марги мағзӣ" қарор дорад. Аъзои иттиҳод ҳарфҳои Макронро танқид карданд.

Дар мулоқот бо роҳбари НАТО Йенс Столтенберг дар Порис рӯзи 28-уми ноябр Макрон ҳамчунин аз иттиҳод даъват кард, ки дар доираи "гуфтугӯи ногузир" бо Маскав наздик шавад. Президенти Фаронса ҳамчунин хост, ба мубориза бо терроризм таваҷҷуҳ шавад. Вай аз он изҳори нигаронӣ кард, ки Фаронса дар Африқо амалан ба танҳоӣ зидди терроризм мубориза мебарад.

29 кишвари узви НАТО дар соли 2018 ба эҳтиёҷоти низомӣ қариб 1 триллион доллар харҷ кардаанд. На ҳамаи кишварҳои узв аз ҳаҷми харҷҳои низомӣ розӣ ҳастанд.

Президенти Амрико борҳо кишварҳои аврупоии узви НАТО-ро барои он танқид кардааст, ки дар буҷаи иттиҳод саҳми баробар надоранд.

XS
SM
MD
LG