Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Туркманистон дар Узбекистон академик шуд


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон унвони академики фахрии Академияи илмҳои Узбекистонро дарёфт кард. Маросими эътои унвон рӯзи 28-уми ноябр дар қароргоҳи давлатии "Куксарой"-и шаҳри Тошканд баргузор шуд.

"Ман ин унвонро ҳамчун эҳтиром ба Туркманистон, эътирофи дастовардҳои мо дар бахши илму маориф ва ҳамчун нишони дӯстиву равобити қавии мардумони ду кишвар қабул мекунам",-гуфт Бердимуҳаммадов ҳангоми қабули унвон.

Президенти Туркманистон бо сафари дурӯзаи корӣ вориди Узбекистон шуд. Дар мулоқот бо ҳамтои узбекаш, Бердимуҳаммадов масоили сиёсӣ, ҳамкориҳои дуҷониба, тақвияти субот дар минтақа ва ғайраро баррасӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG