Бомбаи канори роҳӣ дар вилояти Кундуз 15 шахси мулкӣ, аз ҷумла занону кӯдаконро ба ҳалокат расонд. Бар илова, ба гуфтаи мақомоти афғон, ҳини бархӯрди мошин бо бомба ду нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, таркиш дар ноҳияи Хонобод рӯзи чоршанбе ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа 8 кӯдак, 6 зан ва як мард кушта шуданд. Ба қавли волии вилояти Кундуз Абдуҷаббор Наимӣ, афроди кушташуда озими як маҳфили арусӣ буданд.
Ба гуфтаи мақомоти афғон, бомбаро Толибон дар канори роҳ ҷой дода буданд. Толибон то ҳанӯз дар ин бора чизе нагуфтанд.
Идораи СММ дар Афғонистон мегӯяд, аз моҳи январ то моҳи сентябри соли равон дар Афғонистон 2563 нафар кушта ва 5ҳазору 676 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.