Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши нав дар бораи Эрон. 7000 нафарро дастгир кардаанд


Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) гуфт, Эрон миқёси чораҳои саркӯбкунандаро ба зидди онҳое, ки дар рӯзҳои нооромиҳои боло рафтани нархи сӯзишворӣ ширкат кардаанд, пинҳон мекунад.

Бино ба гузориши гурӯҳҳои гуногуни ҳуқуқи башар ва як вакили эронӣ, беш аз 140 нафар кушта ва дар беш аз 100 гӯшаву канори Эрон то 7000 нафар дастгир шудаанд.

HRW рӯзи 27-уми ноябр дар гузориши “Эрон: Барқасдона саркӯби бераҳмонаро пинҳон мекунад” навишт, тақрибан ду ҳафта пас аз баргузории тазоҳурот, мақомот ҳанӯз ҳеч гуна шумораи расмиро дар бораи кушташудагони бетартибиҳо нашр накардаанд.

Сабаби сар задани нооромиҳо қарори ҳукумат дар бораи нархи бензин буд.

Дидбони ҳуқуқи башар дар Ню-Йорк аз ҳукумати Эрон мехоҳад, шумораи кушташудагон, ҳабсу дастгиршудаҳои эътирозҳои охирро тезтар эълон кунад ва ба таҳқиқи мустақил дар бораи бадрафториҳо ба эътирозгарон иҷозат диҳад. Дар гузориш омадааст, мақомот тазоҳургаронро “ошӯбгар” номида, ба онҳо бо ҷазои қатл таҳдид кардаанд.

XS
SM
MD
LG