Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги се наврас дар сӯхтор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бар асари сӯхтор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд се наврас ҷон бохтаанд. Ҳодиса рӯзи 27-уми ноябр дар ҷамоати ба номи Ҳайдар Усмони ин ноҳия рух додааст.

Абдурозиқ Ғафуров, раиси ҷамоати ба номи Ҳайдар Усмон, ба Радиои Озодӣ гуфт, наврасон дар натиҷаи оташ гирифтани хона ба ҳалокат расидаанд. Ғафуров афзуд, феълан мақомоти идораи оташнишонӣ сабабҳои ҳодисаро муайян мекунанд.

Ба гуфтаи раиси ҷамоат, наврасони ҳалокшуда аз 3 то 5 сол доранд. "Ҳамаашон аз як оила ҳастанд, ду писар ва як духтар," -- гуфт Абдурозиқ Ғафуров.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Радиои Озодӣ гуфт, сабаби сӯхторе, ки ба ҳалокати се наврас анҷомид, дуд кардани таҷҳизоти барқӣ-гармидиҳӣ мебошад. Ҳамсуҳбати мо гуфт, вақте падари кӯдакон дари хонаро мекушояд, хона оташ гирифта, кӯдакон месӯзанд.

XS
SM
MD
LG