Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зариф ва муовини раҳбари Толибон дар Теҳрон мулоқот карданд


Вазири умури хориҷии Эрон дар Теҳрон бо Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини раҳбари гурӯҳи Толибон ва раиси дафтари сиёсии ин гурӯҳ дар Қатар, мулоқот ва гуфтугӯ кардааст.

ИРНА - хабаргузории давлатии Ҷумҳурии исломӣ рӯзи чаҳоршанбеи 27-уми ноябр гузориш додааст, ки ин дидор бо Мулло Абдулғанӣ Бародар "дар идомаи талошҳои Эрон барои бозгашти сулҳ ба Афғонистон", анҷом шудааст.

Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари Толибон дар Қатар низ дар сафҳаи "Твиттер"-и худ ин сафарро таъйид карда ва гуфтааст, ки тарафҳо дар мавриди масъалаҳое чун раванди сулҳ ва мушкилоти вобаста ба муҳоҷирони афғон дар Эрон, гуфтугӯ кардаанд. Шуморе аз расонаҳои дохилии Афғонистон низ ин хабарро нашр кардаанд.

Хабаргузории ИРНА мегӯяд, "муҳимтарин" далели мулоқоти Зариф бо Мулло Абдулғанӣ Бародар, "тарғиби тарафҳои афғон ба гуфтугӯи байнулафғонӣ, ташвиқ ба ёфтани роҳҳи ҳалли масоил аз тариқи гуфтугӯ, ҳимоят аз тамоми нерӯҳои афғон барои ёфтани фасли муштараки ҳамкорӣ дар берун рафтан аз нерӯҳои хориҷӣ ва амнияти Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ, эълом шудааст".

Вазорати дифои Амрико ҳафта гузашта дар гузорише гуфта буд, Теҳрон "барои муқобила бо нуфузуи ИМА ва кишварҳои ғарбӣ дар Афғонистон, ба ҳимояти худ аз гурӯҳи Толибон идома дода, ба ин гурӯҳ аслиҳа, омӯзиш ва манбаъҳои пулӣ мерасонад".

Дар гузориши Вазорати дифои Амрико гуфта шуда буд, ҳарчанд гурӯҳи Толибон ба Ҷумҳурии исломии Эрон чандон сарсупурдагӣ надорад, аммо ҳамкориҳои ду тараф дар ростои муқобила бо "душмани муштарак", бунёд шудааст.

Мулло Абдулғанӣ Бародар, раиси дафтари сиёсии Толибон.
Мулло Абдулғанӣ Бародар, раиси дафтари сиёсии Толибон.


Ин нахустин бор нест, ки ҳайати Толибон бо мақомҳои Ҷумҳурии исломӣ мулоқот ва гуфтугӯ мекунад. Чанд моҳ қабл низ аъзои дафтари сиёсии Толибон дар Теҳрон бо бархе мақомҳои вазорати умури хориҷӣ ва ҳамчунин мақомҳои сиёсии Эрон дидор ва гуфтугӯ карда буданд.

Дар он замон Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон бидуни он, ки мустақиман ба номи Эрон ишора бикунад, дар сафҳаи "Фейсбук"-и худ навишта буд, Кобул аз кишварҳои ҳамсоя интизор надорад "то аз як гурӯҳи ҳаросафкан, ки ҳанӯз дастҳояшон ба хуни афғониҳои бегуноҳ сурх аст ва ба вайронии Афғонистон меандешанд, мизбонӣ кунад". Ӯ дар сафҳаи худ дар "Твиттер" низ бидуни зикри номи Эрон, ба ин мавзуъ вокуниш нишон дода буд.

Амрико дар чанд моҳи қабл барои даст ёфтан ба созише, ки боиси поёни хушунатҳо шавад ва заминаи хуруҷи нерӯҳои амрикоиро низ фароҳам кунад, бо Толибон музокироте анҷом дода буд. Аммо бо идомаи ҳамлаҳои Толибон, ки ба кушта шудани низомиён ва ғайринизомиён ва низ як сарбози амрикоӣ анҷомид, Доналд Трамп, президенти Амрико, музокиротро лағв кард.

Лозим ба зикр аст, ки аз ин қабл ҳайати Толибон ба кишварҳои Русия, Чин, Покистон ва Узбекистон низ сафар карда буд. Ҳукумати Афғонистон ба сафари ҳайатҳои Толибон бар бархе аз ин кишварҳо ва истиқбол аз онҳо, вокуниши тунд нишон дода буд.

XS
SM
MD
LG