Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба туркманҳо гуфтанд, дар бораи мушкили гармидиҳӣ дар ҷое ҳарф назананд


Бо фарорасии фасли сармо шикояти сокинони шаҳру навоҳии Туркманистон аз низоми гармидиҳӣ дар манзилҳои зист афзоиш ёфтааст.

Тайи ҳафтаи гузашта мақомот низоми гармидиҳӣ ва таъминоти гази мактабҳои миёнаи вилояти Лебапи Туркманистонро аз санҷиш гузаронданд. Дар ҳайати санҷишгарон дар баробари кормандони маориф маъмурони амнияти миллӣ низ буданд. Ин санҷиш пас аз матлаби бахши туркмании Радиои Озодӣ дар бораи мушкили низоми гармидиҳӣ дар мактабҳои мазкур гузаронида шуд.

Мансабдорони туркман гуфтаанд, ки нақшаи барқарорсозии лӯлаи интиқоли газро доранд. Комиссия ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки барои гарм кардани синфхонаҳо аз балонҳои газ истифода шавад.

Ба иттилои хабарнигори радио, мақомот аз омӯзгорони мактаб талаб кардаанд, ки дар бораи мушкилоти марбут ба низоми гармидиҳӣ дар ҷое гап назананд. "Намояндагони Вазорати амнияти миллии Туркманистон бо ваъдаи ҳалли мушкили низоми гармидиҳӣ амр карданд, ки онро ифшо накунанд",-иттилоъ дод хабарнигор.

Дар ҳамин ҳол баъзе аз сокинони биноҳои баландошёнаи зисти вилояти Марии Туркманистон низ аз мушкилоти низоми гармидиҳӣ шикоят доранд. "Ҳаво дар Марӣ ҳоло сард аст. 23 ноябр барф борид. Низоми гармидиҳии биноҳои баландошёна тавони гарм кардани хонаҳоро надорад",-изҳор дошт як ҳамсуҳбати мо аз Марӣ.

XS
SM
MD
LG