Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Қирғизистон беш аз 900 миллион долларро ба хориҷ бурдаанд


Боқир Тоҳиров, раиси Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ дар Қирғизистон, гуфт, тоҷири чинӣ Айеркен Саймаити, ки дар оғози моҳи ноябри имсол дар Туркия кушта шуд, бо ҳафт нафари дигар аз ин кишвар беш аз 932 миллион долларро ба берун бурдаанд.

Қаблан таҳқиқоти якҷояи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, OCCRP ва Kloop маълум карда буд, ки аз ин кишвари Осиёи Марказӣ беш аз 700 миллион доллар ба хориҷа бурда шудааст.

Тоҳиров рӯзи 26-уми ноябр дар порулмон гуфт, пулиси молиявӣ бар асоси таҳқиқоти бахши қирғизии Радиои Озодӣ ва шариконаш тафтишро оғоз кардааст. Ин қазия, ба гуфтаи ӯ, бар асоси моддаи 215-и қонуни ҷиноии Қирғизистон, яъне пулшӯӣ тафтиш мешавад.

Дар чаҳорчӯби тафтишот ҳуҷҷатҳо дар бораи интиқоли пул ба хориҷа аз номи Айеркен Саймаити ва ҳамсараш Вуфули Бумаилиаму ва ширкати "Абдироз" ба даст омадааст. Пулро дар маҷмуъ аз номи ҳашт нафар фиристодаанд.

"Мо интиқоли пулро аз номи се нафар ба воситаи 17 бонки Қирғизистон омӯхтем. Ба Чину Туркия, Литва, Бритониё, Олмон ва кишварҳои дигар беш аз 932 миллиону 736 ҳазор доллар фиристодаанд. Ин ҷавоби расмии бонкҳост," – гуфт Боқир Тоҳиров.

Ба қавли раҳбари пулиси молиявӣ, далели асосӣ барои интиқоли ин миқдор пул хариди матоъ, маҳсулоти сохтмонӣ, таҷҳизоти электронӣ, баргардондани қарз, хариди қитъаи замин ва хона зикр шудааст.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ якҷо бо Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва сомонаи Kloop рӯзи 22-юми ноябр бахши дувуми таҳқиқоти рӯзноманигориро дар бораи ба хориҷ бурдани беш аз 700 миллион доллар аз Қирғизистон нашр карданд.

Яке аз чеҳраҳои калидии таҳқиқот – тоҷири уйғур аз Чин Айеркен Саймаитии 37-сола – рӯзи 10-уми ноябри имсол дар шаҳри Истанбули Туркия кушта шуд.

Вай пештар дар бораи фасоди густарда дар Хадамоти гумруки Қирғизистон далелҳои зиёдро дар ихтиёри хабарнигорон гузошта, мақоми пешини ин идора Раҳимбек Матраимов ва як шабакаи соҳибкорони уйғурро барои бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба кишвар ворид кардани мол, ба даст овардани миллионҳо доллар ва гурез аз андоз муттаҳам карда буд.

Раҳимбек Матраимов гуфт, омодааст аз хориҷа ба Қирғизистон баргардад ва ба суолҳо дар бораи фаъолиятҳояш посух гӯяд. Дар ин бора муроҷиати ӯ рӯзи 24-уми ноябр ба воситаи бародараш, вакили порлумон Искандар Матраимов, дар Фейсбук нашр шуд.

XS
SM
MD
LG