Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи даҳҳо зани тоҷик бо иттиҳоми иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар як соли ахир мақомоти Тоҷикистон бо иттиҳоми "ҳамкорӣ, иштирок дар задухӯрдҳо ва ҷанг дар қаламрави кишварҳои бегона" ба зидди беш аз 60 зан парванда кушодаанд. Онҳо таҳти ҷустуҷӯ ҳастанд.

Қаблан баъзе аз занони муттаҳам ба ифротгароӣ ва наздиконашон гуфта буданд, ки онҳо бо даъвати шавҳарони худ ба Сурияву Ироқ рафтаанд ва аз паёмади он огоҳ набуданд.

Дар нишасте дар мавзӯи вазъи оилаҳо ва занон дар Душанбе Муҳаммад Саидов, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, гуфт, дар маҷмӯъ дар 7 соли ахир нисбат ба беш аз 400 зан бо ҳамин иттиҳом парванда боз шуда, мавриди тафтиш қарор гирифтааст.

Бино ба иттилои мақомот, дар ҳоли ҳозир 15 зан дар маҳбасҳои Сурия ва 33 зан дар зиндонҳои Ироқ адои ҷазо мекунанд.

Муҳаммад Саидов гуфт, солҳои ахир мубаллиғони гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ба ҷалби оилавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи худ шурӯъ кардаанд.

"Аз ҷумла, аз ноҳияи Рӯдакӣ 7 оила ва аз ноҳияи Шоҳмансур 6 оила ба сафи гуруҳи "Давлати исломӣ" пайвастаанд. Сарнавишти фарзандони онҳо номаълум аст", -- афзуд ӯ.

Пештар натиҷаи як пажӯҳиш дар Тоҷикистон нишон дода буд, садҳо зани тоҷик бо даъват ва амри шавҳаронашон ба сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия пайваста ва ё дар хидмати ин гуруҳ қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG