Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БОР барои рушди сайёҳӣ ба Тоҷикистон 10 миллион доллар дод


Tajikistan -- Asian Development Bank Office in Tajikistan, 28Feb2018

Бонки Осиёии Рушд барои ривоҷи сайёҳӣ дар Тоҷикистон 10 миллион доллар грант ё кумаки бебозгашт кардааст.

Дафтари матбуоти Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе рӯзи 25-уми ноябр дар иттилоияи расмӣ гуфт, "ин нахустин тарҳи бонк дар арсаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон аст".

Ризо Фаррух, сардори шуъбаи лоиҳаҳои Бонки Осиёии Рушд мегӯяд, "Тоҷикистон барои рушди сайёҳӣ имкониятҳои бисёр дорад, вале зарфиятҳои сайёҳии кишвар истифоданошуда мемонад," -- афзуд ӯ.

Дар доираи барномаи рушди минбаъдаи сайёҳӣ, аз ҷумла таҳлили тақозо дар бозор дар Тоҷикистон омӯхта мешавад.

Маблағи умумии лоиҳа 11 миллион доллар аст ва саҳми Тоҷикистон як миллион доллар муқаррар шудааст.

Бонки Осиёии Рушд аз соли 1998 бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад ва дар ин муддат 1,8 миллиард доллар пул додааст. Беш аз як миллиард доллари он грант ё кумакҳои бебозгашт ҳастанд.

XS
SM
MD
LG