Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як бонкро дар Бишкек ғорат карданд


Мақомоти интизомии шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 26-уми ноябр хабар доданд, ки бонке дар ин шаҳр ғорат шудааст.

Ба иттилои пешакӣ, ду одами ношинос нисбати муҳофиз зӯроварӣ карда, пулҳоро дуздидаанд. Дар ҳоли ҳозир ҳаҷми маблағи ғоратшуда муайян мегардад.

Пулис номи бонки ғоратшударо ошкор намекунад. Ин ҳодиса дар Рӯйхати ягонаи ҷиноятҳо ва қонуншиканиҳо бо моддаи "ғоратгарӣ" сабт шудааст.

Тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG