Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AI хостори раҳоии афроде шуд, ки аз "озори ҷинсии кӯдакон" дар Афғонистон гузориш таҳия карданд


Умар Вараич, муовини мудири Осиёи Ҷанубӣ дар созмони Amnesty International.
Умар Вараич, муовини мудири Осиёи Ҷанубӣ дар созмони Amnesty International.

Созмони Амнести Интернешинал мегӯяд, Раёсати миллии амнияти Афғонистон ҳафтаи гузашта ду ҳомии ҳуқуқи башарро, ки дар бораи озори ҷинсии кӯдакон гузориш пахш карда буданд, худсарона ба ҳабс гирифтааст.

Дар изҳороти ин созмони, ки рӯзи 25-уми ноябр нашр шуд, ин гурӯҳи мустақар дар Лондон мегӯяд, Мӯсо Маҳмудӣ ва Эҳсонуллоҳ Ҳамидӣ, рӯз 21-уми ноябр дар роҳ ба мулоқот бо сафири Иттиҳоди Аврупо дар Кобул боздошт шуданд.

Амнести Интернешинал тақозо кардааст ки ду ҳомии ҳуқуқи боздошшуда фавран раҳо гарданд. Ба қавли созмон, ин ду нафар, ки дар бораи бачабозӣ ё худ педофилия дар маҳалли зисташон вилояти Лугар ба расонаҳо маълумот пахш кардаанд, борҳо мавриди таҳдид аз сӯи мақомдорони маҳаллӣ қарор гирифта буданд.

Баъд аз сӯҳбат бо онҳо рӯзномаи бритониявии Guardian навишт, ки дар шаш мактаби вилояти Лугар камаш 546 бачаҳо озор дидаву баъзе аз онҳо ҳатто кушта шуданд. Ба навиштаи Guardian, ин ҳомиёни ҳуқуқ беш аз 100 навори видеои озори кӯдаконро пайдо карданд. Мақомоти афғон ин айбномаро тасдиқ намекунанд.

XS
SM
MD
LG