Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст


Интиқоли пули муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи имсол 7 дарсад афзудааст. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, муҳоҷирон аз моҳи январ то сентябри имсол ба кишвар беш аз 2 миллиарду 490 миллион доллар фиристодаанд.

Раиси Бонки Миллӣ рӯзи 22-уми ноябр ҳангоми қабули қонуни буҷаи Тоҷикистон барои соли 2020 дар ин бора ибрози назар кард. Чанд сол боз Бонки Миллии Тоҷикистон аз ифшои маблағҳое, ки муҳоҷирон ба Тоҷикистон мефиристанд, ба иддаои он ки расонаҳо ба ин омор «обу ранги сиёсӣ» медиҳанд, худдорӣ меварзид.

Дар ҳамин ҳол, Бонки марказии Русия иттилоъ дода буд, ки соли 2018 пулҳои фиристодаи шахсони инфиродӣ ба Тоҷикистон 2,5 миллиард доллар ва дар нимсолаи аввали соли 2019 – 1,1 миллиард долларро ташкил дод. Ин маблағ ду баробар камтар назар ба нишондодҳои соли 2013 аст. Он замон муҳоҷирон беш аз 4 миллиард доллар ба Тоҷикистон интиқол дода буданд.

Бӯҳрони иқтисодии Русия ва бо сабаби ғасби нимҷазираи Қрим ва пуштибонии Маскав аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина зери таҳрими Ғарб қарор гирифтани ин кишвар, на танҳо ба нишондодҳои иқтисодӣ, балки ба бозори кори муҳоҷирони хориҷӣ ҳам таъсир гузошт.

Шоҳиди ҳодисае шудед, манзараи ҷолиберо дидед ва ё хабари муҳим шунидед? Аз роҳи осон ва амн бо рақами Телеграми мо +420 724 053 959 фиристед. Ба канали Телеграми мо ҳамроҳ шавед

XS
SM
MD
LG