Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Қазоқистон гуруҳи ташаббускори ҳамапурсиро сабти ном накарданд


Комисияи марказии интихоботии Қазоқистон (КМИҚ) гуруҳи ташаббускори раъйпурсиро сабти ном накард. Ин гуруҳ аз сӯи нозирони бетараф таъсис шуда буд, ки интихоботи охири президентиро назорат карданд ва хостори тағйири қонунгузории интихобот ва ҳизбҳои сиёсӣ шуданд. Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон гуфт, ҳуҷҷатгузории гуруҳи ташаббускор мукаммал нест.

Дар санадҳои гуруҳи ташаббускор омадааст, ки дар ҷаласаи таъсисии гуруҳ 558 кас ширкат дошт, аммо комиссия мегӯяд, ҳукумати шаҳри Нурсултон ҳамагӣ 279 меҳмонро дар толори ҷаласаи гуруҳи ташаббускор ба қайд гирифтааст. Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон мегӯяд, гуруҳи ташаббускор ба ин тартиб қонунгузории кишварро дар бораи таъсиси созмонҳо риоя накардааст.

Рӯзи 10 ноябр гуруҳи ташаббускори баргузории раъйпурсиҳо дар шаҳри Нурсултон ҷаласаи таъсисӣ баргузор кард. Ҳастаи ин гуруҳро нозироне ташкил медиҳанд, ки интихоботи президентии моҳи июни соли ҷориро назорат карда буданд. Ин гуруҳ дар ҷараёни интихобот қонуншиканиҳои бешумореро мушоҳида кардааст.

Гуруҳи мазкур ҳамчунин пешниҳод дорад, ки қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ дар Қазоқистон тағйир дода ва ҳизбҳо тавонанд, бо 1000 аъзо сабти ном шаванд.

XS
SM
MD
LG