Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти халабони рус ҳангоми парвоз аз Маскав


Хабаргузории ТАСС-и Русия мегӯяд, халабони дуввуми ҳавопаймои хатсайри Маскав-Анапа ҳангоми парвоз даргузаштааст. Ҳавопаймои ширкати Аэрофлот соати 8:20 аз Маскав бархостааст, вале тақрибан якуним соат пас вазъи сиҳатии халабон бад шуда ва ҳавопаймо ҳам маҷбур шудааст, фуруд ояд.

Ба гуфтаи хабаргузорӣ, халабони 51-сола зоҳиран бар асари сактаи дил ва ҳангоми фуруд омадани ҳавопаймо вафот кардааст. Теъдоди мусофирони ҳавопайморо нагуфтаанд, вале дар хабар омадааст, ки ҳавопаймо дигарбора ҳаракаташро ба Анапа идома дод.

XS
SM
MD
LG